БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Асолати миллии мо дар гулҳои чакан нақш бастааст

БА ИСТИҚБОЛИ СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Ба ҳамагон маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудаанд.

Дар робита ба ин ба хотири ҳавасманд гардонидани ҷомеа барои рушди ҳунарҳои мардумӣ истеҳсол ва фуруши чунин маҳсулот аз ҳамаи андозҳо озод карда шудааст.

Ин иқдоми сарвари давлатамон хеле саривақтӣ буда, барои миллати тамаддунофари тоҷик як ҳадяи бузурге буд. Тавассути ин иқдом ҳунарҳои миллиамон, ки дар гирдоби глобализатсия рӯ ба нестшавӣ оварда буданд, аз нав бо рангу шакли тоза зинда гардиданд.  Бояд гуфт, занони кишвар бо як нерӯи болида ёдгориҳои модару модарбузургашон, ки ба онҳо мерос монда буд аз сандуқҳо берун оварда бо ҳавас нигоҳ мекарданд. Зеро ҷавонони муосир аксарият аз фалсафаи бузурги он нақшу нигораҳои чодару гулдузиҳо бехабар монда буданд.

Имрӯз бо шарофати истиқлолият тоҷик ба дарки он расид, ки тоҷи сари ӯ аслан тоқии чаканаш аст. Тоқии чакане, ки дар он рамзи офтобу моҳу ситораҳо-рамзи кайҳон нақш баста, баёнгари тафаккури ҷаҳоншумул ва андешаи равшану заковати баланди соҳиби он аст. Гулҳои домони куртаҳои чакани духтарони тоҷик гулҳои бахту саодат ва нишонаи покдоманиву иффат аст. Гулҳои остин бошад рамзи дасти поку гулҳои чакани пеши бар рамзи дилу нияти пок дониста мешавад. Мо қариб буд ин фалсафаи бузурги миллиро фаромуш кунем. Ҳатто ин фаромӯшӣ боис гардид, ки чунин рамзҳои муқаддас, масалан косагулҳои чаканро дар пушти куртаҳои чакан духта, дар саҳнаҳо мерақсидагӣ шудем... Яъне таносубу маънои онро то ҷое аз ёд бурдем. Хушбахтона, ин ташаббуси миллатпарваронаи Пешвои миллат боис гардид, ки мо дубора ба асолати худ пайвандем.

Бубинед, баъди чандсан сол ва ё чанд ҳазор сол мисриҳову юнониҳову чиниҳову ғайра асолати милии худро дар нақшҳои кандакории девораҳои қадима меҷӯянд. Аммо мо эҳтиёҷ ба ин надорем. Чунки таъриху асолати миллии мо аз насл ба насл дар нақшҳои чакан акс ёфтаанд.

Дар таърих бисёр сурат гирифтааст, ки миллатҳо дар пайи як садамаи хурд аз байн рафтаанд. Аммо оламиён дар ҳайратанд, ки миллати тоҷик чи гуна тавонист ду бор ба муҳлати ҳазор сол аз давлатдорӣ маҳрум гашту боз ба давлат расид, вале нест нашуд. Ҳазорон бор қатли ом шуду ҳазорон борӣ дигар аз шарри душман ба куҳҳо паноҳ бурд, вале пойбарҷо монд. Асрори ин пойдор монданҳо дар ҳунару ҳунармандии миллати тоҷик аст. Миллати тоҷик ҳам дар сухан ҳунарвар асту ҳам дар амал. Ҳунари суханвариву эҷодкорӣ ва ҳифзи забон буд, ки рӯҳан пойдор монд ва ҳамчунин, ҳунари сохтани асбобҳои рӯзгору олоти зиндагӣ боис гардид, ки ҳатто ба сахттарин шароитҳо тоб овард ва ҳатто дар шароитҳое, ки одамро ба ваҳшӣ табдил медиҳад, бо ҳунару ҳунармандии худ инсонвор зиндагӣ кард ва фарҳангу маънавиёти инсониро ҳифз намуд. Масалан, кандакориву кулолгарӣ ва ба асб зину наъл задану асбобҳои мусиқӣ сохтан, табақтарошиву ҳайкалтарошӣ, эҷоди технологияи обёрӣ аз пойн ба болои теппаву бардоштани ҳосили зиёд, яъне аз одитарин маҳсули табиӣ омода намудани беҳтарин шароити зиндагӣ сабаби ҷисман боқӣ мондани миллати тоҷик гардид.

Ин халқи меҳнатдӯсту меҳнаткаш ҳамаи ин ҳунарҳои гузаштаамонро ба фарзандони хеш низ омӯзониданд, то ки онҳо пешбарандаи ин ёдгориҳои халқи пешин бошанд ва ин ҳунарҳо дар байни мардум фаромӯш нашаванд. Имрӯз низ бо эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои хонагӣ мо метавонем шиддати бекориро паст намуда, сатҳи иқтисодиётро баланд бардорем. Бо намоиши ҳунарҳои мардумии худ дидаи ҷаҳониёнро тасхир намуда, бо обу ҳавои дилнишин ва табиати биҳиштосоямон имкониятҳои бузурги ба кишвари сайёҳӣ табдил додани Тоҷикистонро дорем. Ояндаи Тоҷикистон бо мардуми ҳунарвару ҳунармандаш дурахшон аст ва мо дар якҷоягӣ таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон оянда ба дастовардҳои аз ин ҳам бузургтар ноил мегардем.

Насиба ПОЧОЕВА ва Дилрабо МУРОДОВА – таҷрибаомӯзон дар нашрияи “Ҳамрози халқ”, донишҷӯёни курси якуми факултети филологияи тоҷик, ихтисоси “Журналист-тарҷумон”-и ДДҚ ба номи Носири Хусрав

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg