ЁВОН. Дар деҳаи Тағайободи болои ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли равон чорабинии фарҳангӣ ва Аксияи ҳизбӣ баргузор гардид. Бевосита чорабинии мазкур бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Гулистон” ташкил ва баргузор гардид.
Ташкилоти ибтидоии “Гулистон” дар шашмоҳаи якуми соли равон тавассути баргузории вохӯрӣ ва бо интихоби бештари аҳолии деҳаи Тағойободи боло ташкил гардида буд.
Занону бонувони ҳунарманду чирадасти деҳаи мазкур аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълони гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият медоданд.
Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби иштирокдорони чорабини ин иқдои ба хушнудӣ пазируфта шуданд.