БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ибодат ба ҷуз хизмати халқ нест…

А.ҶОМӢ. Вохӯриву суҳбатҳои гурӯҳҳои таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Абдурахмони Ҷомӣ дар ҳудуди маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо мақсади фаҳмонидани самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар мавзӯъҳои тарғибу татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, рушди ҳунарҳои мардумӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, равнақи корҳои хонагӣ, истифодаи самараноки нерӯи барқ ва дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо бо иштироки сокинони маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ,  дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ва оммавӣ идома доранд.

Чунин вохӯрӣ дар деҳаи «Чорбоғ»-и ҷамоати деҳоти Иттифоқ бо аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардида мутобиқи қисми 4 банди 2-и Оинномаи ҲХДТ дар маҳаллаи номбурда ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  бо номи «Чорбоғ» таъсис дода шуд ва дар вазъияти тантанавӣ ба  4 нафар аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg