БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари таърихи пурғановати миллати тоҷиканд!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Себзор» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Фарҳод Обидов баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур вобасти ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши давриҳо ва маҳсулотҳои дастранҷи деҳқонон аз қабили тарбузу харбузаю ҳандала, картошкаю пиёзу помидор ва чанд навъи гулҳо ба хотири руҳбаланд намудани ҳунармандону деҳқонони деҳаи Себзор ба намоиш гузошта шуда буд.

Мавсуф зимни баргузории вохӯрӣ ба маълумоти ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон иброз намуданд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аҳли нишаст миннатдории хешро баён намуда, дархост карданд, ки чунин чорабиниҳои рӯҳбаландкунанда, дар ташкилоти ибтидоии «Себзор» пайваста доир карда шаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg