БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Меомӯзем ва меомӯзонем...

ХОВАЛИНГ. Инсоният дар ҳама давру замон ва дар ҳама синну сол ниёз ба омӯзиш дорад.

Курси бозомӯзии кормандони масъули Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷкистон дар вилояти Хатлон, ки тӯли 4 рӯз - аз 26 то 29-уми июни соли ҷорӣ идома намуд,  яке аз иқдомҳои дурбинонаи роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон маҳсуб меёбад.

Машғулиятҳои он аз оғоз то анҷом ҷолибу судаманд буд, зеро дар он мавзӯъҳои ҳаётан муҳим-самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вазифаҳои сохторҳои ҳизбӣ дар мавриди шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, сафарбар кардани сокинон ба сарфаю сариштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ,  баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм  бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ва бо ҳамин монанд 14 мазӯъҳои донистанашон барои ҳар як шахс зарур мавриди омӯзиши амиқ қарор дода шуд.

Барои омӯзонидани ҳар як мавзӯъ мутахассисон ва донандагони хуби ҳамон соҳа даъват карда шуда буданд. Дарсгӯяндагон шахсиятоҳое чун муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Мағфират Умар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, Чӯянов Самариддин, Мавлоназаров Силмон, Варқа Зайниддин, Давлат Назиров ва дигар устодони ботаҷриба буданд.

 Мо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг аз машғулиятҳои курс, ки бисёр сода, оммафаҳм бо овардани мисолҳои ҳаётӣ гузаронида шуданд, дониш ва малакаи касбии худро боз ҳам пурратар гардонидем.  Баъди чунин омӯзиши мукаммал мо метавонем, суҳбату вохӯриҳоямонро бо мардум боз ҳам хубтару беҳтар гузаронем ва вазифаи дар наздамон гузошташударо, чи тавре зимни тақдими сертифкатҳои омӯзандагони курси бозомӯзӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ қайд намуд мардумро ба иттиҳоду якдилӣ, садоқат ба Ватан ва ба меҳнату созандагӣ ҳидоят намудан аст, бо сарбаландӣ иҷро намоем.

Мо кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг барои ташкил ва гузаронидани чунин як курси ниҳоят муфиди бозомӯзӣ ба ташкилкунандагони он, пеш аз ҳама ба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ изҳори миннатдорӣ менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg