БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷалби мардуми маҳал ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ

ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ва Фирӯз Пиров бо истиқоматкунандагони деҳаи Саркокули ҷамоати Чубеки ноҳия вохӯрӣ гузарониданд. Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ, огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани мардум дар роҳи мубориза бо онҳо суҳбат карда, зикр намуданд, ки аксарияти ҷавонони мо ҳушёру зирак ва аз авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб бохабаранд. Зимнан ҷавонон бояд донанд, ки дастгирии чунин гурӯҳҳо дар хориҷи кишвар бо мақсади заиф сохтани пояҳои Истиқлолияти Тоҷикистон равона шудааст ва ҳамчун фарзандони баномуси Ватан ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ надиҳанд. Ҷавонони саодатманди тоҷик, ки дар фазои сулҳу оромӣ  кишвар кору зиндагӣ ва таҳсил карда истодаанд, бояд бо шукргузорӣ аз фазои ороми кишвар ба иғвою дасисаҳои миллаткуши хоинону ватанфурӯшон дода нашаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg