БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хизмат ба мардум шарафи бузург аст!

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузори хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муасисаҳо  вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид  ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия Боронов Сабзаалӣ дар шуъбаи САҲШ-и  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир гардид.  

Масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин дар масъалаи Қонунҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим, инчунин муқовимат бо коррупсия ва пайомадҳои нохуши он суҳбат карданд .  

Дар рафти мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид баромад карда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро фаҳмонид. 

Доир ба суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид кормандони шуъбаи САҲШ-и ноҳия  Шоҳиброҳимзода Раҳима ва Асоева Сабоҳат  андешаҳои худро баён карда, роҷеъ  ба ҳолатҳои асноди шаҳрвандӣ ва талаботҳои қонунгузорӣ   дар ҷомеа суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg