БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Риояи қонунҳои миллӣ омили тарбияи дуруст ва ояндаи дурахшони фарзандон

ПАНҶ. Мутобиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар  маҳаллаи 50 солагии Қушунҳои сарҳадӣ барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва пос доштани асолату ҳуввияти миллӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дар заминаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот ва чорабинии хотирмони таблиғотӣ баргузор гардид. Масъулин пеш аз оғози мулоқот аз намоиши ҳунарҳои миллӣ дидан карда, ба ҳунари волои занону бонувони ҳунарманди маҳаллаи номбурда баҳои баланд доданд.

Аз ҷумла, раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон атрофи моҳият ва аҳамияти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баромад намуда қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти бархурдҳои замони муосир ва ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтани баъзе аз ҳунарҳои қадимаи миллатамон соли 2018-ро ба хотири рушди ҳунарҳои мардумӣ бахшиданд.

Ҳамзамон масъулин вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баромад намуда, мардуми маҳалро ба риояи қонунҳои миллии қабулнамудаи ҳукумати мамлакат аз зумраи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  ҳидоят намуда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки бо риояи ин аснодҳо  метавонанд фарзандони ҳаматарафа камолёфтаро ба  воя расонанд. Чизи аз ҳама муҳим  он аст, ки дар ин асос  ҳар як падару модар метавонад барои фарзанди хеш тамоми   шароити заруриро баҳри таълиму тарбия фароҳам созад.

Дар идомаи чорабинӣ раиси ташкилоти ибтидоии «Марзбон» Улмасова Майрам суханронӣ намуда, қайд кард, ки бахшида ба эълон гаштани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мо дар маҳаллаамон бо дастгирии ҳунармандони маҳалла 5 нафар духтарони маъюбро соҳибҳунар гардонидем, ки онҳо имрӯз дар хона  нишаста ба муҳрабофӣ, ҷӯроббофӣ, гулдӯзӣ ва тоқидӯзӣ машғуланд ва эҳтиёҷоти худро ба ин восита қонеъ мегардонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg