БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тақвияти ҳуввияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ дар мадди назар

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён  барномаи пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро, ки соли 2018-ро Соли тақвияти робита дар маҳал эълон кардааст,  дастгирӣ намуда , ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро  оид ба барномаҳои ҳизбӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он ошно карда истодаанд.

Бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Орзу Ҳомидиён, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара, намояндаи Кумитаи амнияти миллӣ Комилзода Илҳом, корманди ҷамоати шаҳраки Бохтариён Ёров Абдуғаффор ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён  бо сокинони маҳаллаи Файзи  Истиқлоли нощия  мулоқот баргузор карда шуд.

Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин оид ба  сафарбар кардани сокинон ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерeи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавридӣ хатарҳои терроризму  экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз шомилшавии  шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ, огоҳии сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари гурӯҳҳои ифротии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ  дар самти мубориза бо онҳо, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо мақсади солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа, фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл  ба фарҳангӣ бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ, ташаккули фарҳанги техникии мардум ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иртиҷоӣ, муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия  бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар онҳо, фаъол гардонидани аҳолӣ  дар самти мубориза  ба нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ҳамчун зуҳуротӣ  хатарзо  ба амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи  шаҳрвандон, дуруст сафарбар кардани корҳои  хайру сахо ба хотири  рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, фаъол гардонидани шаҳрвандон  ва ҷалби  бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи  эълон кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани  сокинон бо шуғл, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои  неки мардумӣ  дар  байни сокинон  бо мақсади тарбияи  ахлоқию маънавии ҷомеа андешаронӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg