БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушди соҳаи кишоваризӣ ва хоҷагидорӣ тақозои замон аст

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо саҳмдорони Ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии деҳқонии Ориёно”  вобаста ба нуктаҳои асосии  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун барномаи мукаммали рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисоди маънидод карда мешавад, вохӯрӣ доир карда шуд.

Ҳамзамон,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб қайд карда шуд, ки соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон гардида, барои мардуми тоҷик, хусусан занони хонашини деҳот  имконият фароҳам оварда шудааст, ки  бо рушди ҳунарҳои мардумӣ метавон ба сатҳи зиндагонӣ беҳбудӣ бахшида, бо ҳунарҳои ҷолиби худ фарҳанги миллати тоҷикро дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ намоем.

Оид ба имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба таълим, пешгирии ақди никоҳи хешутаборӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ мудири шуъаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия сухан намуда, даъват бар он кард, ки барои расидан ба ҳадафҳои неки Сарвари давлатамон ҳар яки фарди ҷомеа бояд саҳмгузор бошад.

Ваҳобуддин Абдуллоев дар бораи таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ  миёни ҷавонону занон, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои тундрав суханронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg