БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи сиёсати мардумпарваронаи Пешвои миллат дар амал

ЁВОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо имрӯз намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Сабоҳат Каримова ва раиси Шӯрои собиқадорони назди Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Сафархолов Қутбиддин барои боздид ва баргузории суҳбату вохӯриҳо атрофи самтҳои муайянгардидаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии  пӯшидаи «Маркази барқу гармидиҳии Ёвон» рафта, аз заҳмати кормандони корхонаи мазкур дидан карда суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Корхонаи мазкур имрӯз дар тобеъияти ҶСШК «Барқи тоҷик» буда, соли 1964 ба фаъолият оғоз намудааст. Корхона аҳолии ҷамоати шаҳраки Ёвон ва корхонаҳои ҳудуди онро бо оби гарм ва барқ таъмин менамояд.

Соли 2007 бо қадами мубораки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин корхона тамоми таҷҳизотҳои лозимии замонавӣ  дастрас карда шуд. Корхона 100  фоиз барои таъмини аҳолии ноҳия бо оби гарм омодааст. Тайи чанд сол аз нарасоии гази табиӣ корхона наметавонист, ки мардумро бо оби гарм таъмин кунад. Имрӯз маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи мазкур барои гирифтани газ аз давлати ҳамсояи Ӯзбекистон шартнома ба имзо расонидааст, ки зимистони имсола метавонад мардуми ноҳияро бо оби гарм таъмин намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg