БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушди ҳунарҳои мардумӣ ва соҳаи сайёҳӣ заминагузор ба ояндаи босаодат

ВОСЕЪ. Чуноне, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд,  бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳии кишвар пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Вобаста ба ин бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Раҷабова Шаҳноза, Ситамова Роҳила ва Мирзоева Гулрухсор дар деҳаи Меҳробод -2 ҷамоат деҳоти Гулистон вохӯрии навбатӣ ва Аксияи ҳизбӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳияи Восеъ Раҷабова Шаҳноза ба сокинон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва  моҳияти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муфассал маълумот дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg