БАЛҶУВОН. Дар деҳаи Резгаи ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Ғуломов Асомуддин мулоқот доир карда шуд.
Дар мулоқот Асомуддин Ғуломов оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки мақсади баргузории мулоқот дар якҷоягӣ бо шумо сокинони маҳал андешидани чораҳо баҳри пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, пешгирии содиршавии қонуншиканӣ аз ҷониби ҷавонон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ мебошад.