Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳия хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ оид ба ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии ҲҲДТ, эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан, тарбияи дурусти фарзанд, тарбияи ҷавонон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, ҷалби онҳо ба сафи Артиши миллӣ баҳри ҳифзи сулҳу суботи кишвар, сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағӣ он ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз сухаронӣ намуда, иштирокдоронро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ карданд.