БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мавқеи ҲХДТ дар маҳал боз ҳам устувортар мегардад

А.ҶОМӢ. Баҳри иҷрои дастуру супориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, тибқи ҷадвали тасдиқгардида,  дар маҳаллаи «Бӯстон Сулаймонова»-и ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки беш аз 200 нафар сокинони қишрҳои гуногуни ҷомеа, хусусан ҷавонони маҳалла вохӯриву суҳбатҳои судманд баргузор карда шуд.

Тавре раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов изҳор дошт, вохӯриву суҳбатҳои мазкур пеш аз ҳама бо мақсади тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ,  баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан, садоқат ба Президент, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ миёни сокинони маҳаллӣ, алалхусус миёни занону ҷавонон буда, дар ин замина онҳоро барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Раиси муаззами  ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб  кардан  аст.

Мутобиқи қарори маҷлиси муассисон дар маҳаллаи «Бӯстон Сулаймонова» ташкилоти ибтидоии ҲХДТ бо номи «Бӯстон-4»  таксис дода шуд.

Сипас, масъалаи ташкилӣ баррасӣ карда шуда, Махсумова Зулайхоро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карданд.

Ҳамчунон дар ҷараёни маҷлис, дар вазъияти тантанавӣ ба  6 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ кӯмакпулӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg