БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз амалҳои террористиву экстремистии гуруҳҳои барои миллати мо зиёноварро огоҳанд

БАЛҶУВОН. Тибқи   ҷадвали баргузории вохӯриҳои Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи   Балҷувон   дар деҳаҳои Аспирингони дараи Сафедараи ҷамоати деҳоти  Сари Хосор бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Ғуломов Асомуддин ва ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва андешаронӣ намуданд.

 Масъулин зимни суханронӣ қайд карданд, ки дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар суханрониҳояшон ироа гардиданд,  ба ободии Ватан, осудагии рӯзгори сокинон нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, ҳар яки моро лозим аст, ки дар асоси  дастуру супоришҳои Президенти кишвар кору фаъолият намуда,  дар шукуфоии Тоҷикистони  азизамон ва зиндагии боз ҳам шоистаи хеш бо роҳи иштирок дар корҳои ободониву созандагӣ саҳмгузор бошем.

Инчунин, дар ин раванд масъулин самтҳои афзалиятноки фаъолияти

ҲХДТ-ро  баррасӣ карда,  амалҳои  террористиву экстремистии гуруҳҳои барои миллати мо зиёноварро ба сокинон фаҳмонида даданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg