АНДЕША. Имрӯзҳо бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар гӯшаи Тоҷикистон ба гулистон табдил ёфта истодааст.
Тавре медонем, соли равон барои шаҳри Бохтар соли гулҳо эълон шудааст. Дар ростои ин иқдом дар назди ҳар як идораву корхона ва ташкилоту муассиса майдонҳои гулкоришуда ба назар мерасад, ки воқеан зебо ва диданианд. Ин иқдом ба тафаккури зебоипарастонаи мардум аллакай таъсири мусбӣ расонида, тавре дида истодаем, дар гушаҳои алоҳидаи бозорҳо нуқтаҳои фуруши гулҳои хонагӣ ва гулҳои мавсимӣ пайдо шуда истодаанд. Ҳамзамон, сокинон аллакай ба таври оммавӣ дар хонаҳо парвариши навҳои гуногуни гулҳоро ба роҳ монда, аз ин ҳисоб ҳатто даромади хуб ҳам ба даст меоранд. Ин падида яке аз унсурҳои муҳимми оини шаҳрнишинӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ободиву шукуфоии ҳар як шаҳр аз маданияти шаҳрнишинии сокинонаш сахт вобаста аст. Беаҳмиятии сокинон нисбати ободии шаҳр, бо вуҷуди ҳамаи тадбирҳои муассисаҳои беҳдоштӣ, метавонад ҳусни шаҳрро коста гардонад. Чуноне ки зимни суҳбат бо мо сармуҳандиси корхонаи давлатии фаръии хоҷагии коммуналии шаҳри Бохтар Тағаймуродов Алишер ибрози андеша намуд: «Айни ҳол сатҳи маданияти шаҳрнишинии сокинони шаҳри Бохтар нисбати солҳои қаблӣ хеле боло рафтааст. Вале то ҳануз баъзан омилҳо боқӣ мондаанд, ки дар натиҷаи зиёд кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ онҳоро низ ба зудӣ бартараф кардан мумкин аст. Аз ҷумла, баъзе сокинон бо вуҷуди оне, ки қуттиҳои партов дар ҳар як кӯча гузошта шудааст, партовҳои худро на дар дохили қуттӣ балки атрофи он мерезанд. Дар маҳалҳое, ки дар назди хонаҳои мардум дарёча мегузарад бо вуҷуди оне, ки мо дар як ҳафта ду маротиба партовҳои онҳоро ҷамъоварӣ менамоем, боз дар назди дарёчаҳо баъзан партовҳо ба чашм мерасад.”
Коршиносон ба ин назаранд, ки яке аз сабабҳои ба чашм расидани чунин ҳолатҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ин бетарафии худи мо сокинон аст. Яъне мо мебинем, ки ҳамсояамон дар саргаҳи об партов мепартояд, вале хомӯш истода аз поёноб аз оби олудакардаи он истифода мебарем. Ё мебинем ҳамсояамон берун аз қуттӣ партовро андохту шамол онро то дари хонаи мо овард, ё дар рӯи роҳ паҳн кард, аммо боз бетарафӣ мекунему ба болои он по гузошта меравем. Ҷойи зикр аст, ки яке аз оинҳои муҳимми шаҳрнишинӣ ин бетарафӣ накардан нисбати чунин ҳолатҳост.
Дар саросари кишвар барои истироҳати сокинон гулгашту сайргоҳҳои хушманзара бунёд карда шудаанд. Ин аз риояи аркони шаҳрдорӣ гувоҳӣ медиҳад. Аммо шаҳрнишинон аз онҳо чи гуна истифода мебаранд. Албатта. Тавре мушоҳида мешавад, аксарият дар доираи оила ва ёру дӯстон аз ин хеле хубу бамаврид истифода мебаранд, ки боиси хушҳолист. Вале ин ҷо ҳам баъзан шахсони аз оини шаҳрнишинӣ бехабар дар бегоҳӣ вақти ба сайругашт баромаданашон дар ин ҷойҳо нишаста донаи офтобпараст қоғазҳои яхмос ва монанди инҳоро, гуё чашмашон қутиҳои партовро надида бошад, ба рӯи замин мепартоянд. Ё баъзан мебинем, ки аз тирезаи мошинҳо ба канори роҳ қуттиҳои обҳои нӯшокӣ партофта мешавад... Бояд дар хотир гирем, ки чунин амалҳо на танҳо боиси косту шудани тозагиву ободии шаҳру маҳаламон мегардад, балки маърифату маданияти мо сокинонро зери суол мебарад.
Дар натиҷаи ҳамсуҳбат шудан бо як фурӯшандаи донаи офтобпараст ба мо маълум гардид, ки танҳо дар як нуқтаи фурӯши сарироҳӣ дар як рӯз камаш ду қуттӣ донаи офтобпарастро ки 50 халтачаро ташкил медиҳад, ба фурӯш мебароранд. Дар рӯзҳои иду ҷашнҳо бошад то 10 қуттӣ. Тавре мушоҳида мешавад, нисф зиёди партов аз ҳисоби донаҳои офтобпараст дар сари роҳу ҷойҳои ҷамъиятӣ бепарвоёна партофта мешавад. Ҳол онки мушкил нест мо пасмондаи партови онро дар як халтача ё қоғази алоҳида ҷамъ оварда дар партовгоҳ партоем. Ба андешаи коршиносон, касе ки худро одами бомаданият меҳисобад, бояд ба покизагии ҷойҳои ҷамъиятӣ мисли покизагии саҳни ҳавлии худ ва даруни хонааш муносибат намояд.
Барои расидан ба сатҳи баланди маърифату маданияти шаҳрнишинӣ тарбияро мебояд аз кӯдакӣ оғоз кард. Аз вақте ки кӯдак ба боғча қадам мениҳад, бояд завқи зебоипарастиро дар вуҷудаш бедор сохт. Дар робита ба ин, бо Салимов Озар-сардабири маҷалаи «Мактаб» суҳбат оростем. Тавре мавсуф қайд намуданд, маданияти шаҳрнишинӣ вобаста ба сатҳи ахлоқу одоб, ҷаҳонбинии ҳар як шаҳрванд вобаста аст. Шахсоне бовиҷдону масъулиятшиносе ҳастан, ки ба ҷамъият бетарфӣ зоҳир намекунанд. Агар дар маконе, ки партови зиёдро диданд, ё сабабгоронашро мушоҳида намуданд, ба мақомоти дахлдор муроҷиат мекунанд. Маданияти шаҳрнишинӣ танҳо дар ифлосӣ дида намешавад, дар одоби рафтору гуфтор низ ҳаст. Одобу муоширати бади ҷавонон ҳам метавонад симои шаҳрро аз ифлосӣ дида бадтар гардонад ва баръакс одобу маданияти баланд боиси покизагиву шукуфоӣ гардад. Дар аввал маданият хуб буд, вақте ки дар соли 1992 дар Тоҷикистон ҷанг рух дод гуё маданиятро ҳам аз байн бурд. Бо мурури замон баъди истиқлолияти давлатӣ мо тавонистем дубора маданияти худро вобата ба шаҳрдорӣ ва одобу ахлоқ аз нав мустаҳкам намоем. Маданияти имрӯзаро қаноатбахш гуфтан мумкин аст ва бояд барои беҳтар шуданаш талош варзем.
Воқеан, барои фаҳмидани маданият ахлоқу дониш доштан даркор ва ин аз хондану бозомӯзӣ кардани ҳар шахс вобастагӣ дорад. Барои ҳамин мо рӯй овардем ба тарафи китобхонаи вилоятӣ. Дар китобхонаи вилоятии шаҳри Бохтар ба номи Шамсиддини Шоҳин мо бо сардори шуъба Файзулоева Ҳамида ва ба корманди шуъбаи кӯдакона Холова Азиза ҳамсуҳбат гаштем. Мо хосет донем, ки дар китобхона китобҳои ахлоқӣ вуҷуд дошта бошанд ё на! Файзулоева Ҳамида иброз доштанд, ки ҷавонони имрӯза нисбати солҳои пешин зиёд ба китобхона меоянд, аммо аз китобҳои бадеию ахлоқӣ кам истифода мебаранд, зиёдтар аз китобҳои дарсӣ, ки барои дарсҳояшон даркор аст истифода мебаранд. Мо китобҳои ахлоқӣ кам дорем, танҳо як ду китоби ахлоқӣ доир ба никоҳу оила асту бас. Аммо шумораи хонандагони мо кам нестанд. Дар як рӯз мо камаш 100 нафар хонадаро қабул менамоем.
Дар шуъбаи кӯдакона Холова Азиза иброз доштан, ки дар шуъбаи мо ҳар рӯз 45 то 50 хонанда, яъне кӯдакон ташриф меоранд. Дар ҳамон шуъбаи кӯдакона китобчаи бо номи «Этика» муаллифаш Саъдинисо Ҳакимова ҳаст, ки ба кӯдакон фаҳмо буда, дар он рафтору кирдор, одобу ахлоқ ва маданият дарҷ шудааст.
Тавре ба мушоҳида мерасад, имрӯзҳо талаботи ҷомеа нисбати покизагии хиёбону гулгаштҳо ва ҳамзамон покизагиҳои ахлоқӣ зиёд гардида истодааст, ки ин нишонаи зина ба зина баланд шудани завқу маданияти сокинон мебошад. Ҳамзамон, таъкиди ин нуктаро ба маврид медонем, ки соли 2018 дар саросари кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст ва аз тамоми дунё алакай сайёҳон рафтуомад доранд ва минбаъд низ ин раванд афзоиш хоҳад ёфт. Бо инобати ин моро зарур аст дар самти маданияти шаҳрнишинӣ масъулияти баланд эҳсос намуда, бо фарҳанги баланди худ номбардори Ватан гардем.
Таҳминаи БАҲРОМ, таҷрибаомӯз дар нашрияи “Ҳамрози халқ”, донишҷӯи курси якуми факултети филологияи тоҷик, ихтисоси “Журналист-тарҷумон”-и ДДҚ ба номи Носири Хусрав.