БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Забони миллат ҳастии миллат аст!

АНДЕША. Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷиҳати эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ ҷаҳду талош менамоянд. Яке аз чунин иқдомҳои бузурги эшон ин таҳия ва таълифи асари “Забони миллат-ҳастии миллат” мебошад. Ин ҷо хостем чанд бардошти шогирдонаи худро дар ҳошияи китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» иншо намоем. Ин пажӯҳиш тоза ва арзишмандест, ки метавон идомаи мантиқии асари безаволи аллома Бобоҷон Ғаффуров “Тоҷикон”-аш шинохт. Олами илм беш аз ду қарн ва бештар ба таърих, анъана ва оину забони мардуми тоҷик мароқ зоҳир намуданд ва асарҳои шоён ба забонҳои гуногуни дунё ба нашр расиданд. Бино ба қавли муаллиф «…то кунун дар забоншиносии мо китоби ҷомеъ ва асари мустақиле дар бораи таърихи забони  тоҷикӣ вуҷуд надорад, то хонандагони одӣ аз он иттилооти лозимаи таърихӣ ва посух ба суолоти хешро дар мавриди забони модарии хеш пайдо намоянд».

Пешомади нек аст, ки дар заминаи рисолаҳои  фаровон, мақолаҳои алоҳидаи олимони барҷастаи олам назари дақиқ ва коршиносона ба унсури муҳими  нигаҳдорандаи миллат – забон ба миён омад. Воқеан, забон «таърихи холис, ростин ва маҳсули дастҷамъи миллат», оинаи қаднамо, балки дарунсӯи зиндагиномаи миллат аз даврони куҳан то имрӯз довари моҳир ва сахтгир» аст, ки ба ҳеҷ амре ва сиёсате наметавон таҳрифаш кард. Ва хоса забоне, ки роҳи пурхатар ва пурпечутобро сипарӣ намуда нишону аломат аз овони Астиаг, Курушу Дориюш, Канишкаю Хушнавоз ва Анӯшервону Исмоили Сомонӣ дорад.

Андешаҳои боарзиши муаллиф аз тавоноӣ ва нерумандии забон аст, ки  ба ҳеҷ қавли ғосибро бо пуррагӣ напазируфт ва аз сарчашмаи аслии хеш: гӯишҳо ва лаҳнҳои хешованд дурӣ наҷуст. Бо иллати амалкардҳои сиёсӣ  қаламрави паҳновар ба минтақаҳо қисмат шуд, вале омили забонӣ онҳоро ба ҳам меовард. Ва омили мазҳабӣ низ иттиҳоди забониро аз миён набурд. Ва барҳақ муаллиф таъкид медорад, ки «яке аз вижагиҳои аслии бисёр муҳимми забони мо хосияти баҳамоварӣ ва ё ваҳдатофарии он аст. Ин хусусият сипас дар ташаккули он ба унвони як забони умумӣ барои мардуми эронитабор нақши муассир бозид».

         Боби якум «Даврабандии таърихи забони тоҷикӣ» унвон гирифта бештар ба таърихи ақвоми ориёӣ ва шарҳи истилоҳот бахшида шудааст, ки қаблан дар китобҳои «Ориёҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ, -Душанбе, 2006, ва «Тоҷикон дар масири таърих» (дар чор китоб) аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат шуда буд. Нахуст пайдоиши макони  қавмҳои ориёӣ, сарзамини ориёно, мавқеи ҷуғрофӣ ва назарияҳои гуногун дар ин маврид рӯшан ва фаҳмо инъикос ёфтааст, ки бурди  илми тоҷик ва хонандаи Тоҷикистон аст.

         Дар баробари ин ҳама овандҳои зарурӣ аз сарчашмаҳои арзишманд «Авесто», «Ведо», катибаҳои  ҳахоманишӣ ва осори солноманигорон ва таърихнависони юнонӣ дар шарҳи истилоҳоти  этникӣ ва номҳои нажодӣ ориёӣ: ория, айриа, ариа, арийа, ариаспа ҷолиби таваҷҷуҳанд. Дар миён муаллиф натиҷа мегирад, ки «…номи арйа, арйана ҳамчун истилоҳи этникӣ дар таркиби номҳои ашхос ва номҳои ҷуғрофии сарзаминҳои таърихӣ ва ё  ватани мардумони ориёӣ ҳам дар «Авесто» ҳам дар осори  Ҳахоманишиён, ҳам дар манобеи юнонӣ ва эламиву аккадӣ корбурди фаровон дорад, ки ин ҳама далели мансубияти ин ашхос ва ҷойҳо ба нажоди ориёист».

Бар асоси осори фаровони хаттӣ, бостоншиносӣ ва сиккаҳо  муаллиф аз ду шохаи тамаддуни орӣёӣ: шарқӣ ва ғарбӣ намунаҳои қавии илмиро баррасӣ намуда, бастагии ононро аз даврони куҳан  хулоса мекунад. Дар ин миён катибаҳои ҳахоманишӣ, осори вомондаи Кушонӣ-тохарӣ, сангнавиштаҳои даврони бостон ва куҳан ҷолиб ва дар қиёс ба як нукта – умумияти мардумони сарзамини паҳновар гувоҳӣ медиҳанд.

         Муаллиф ба  «Давраҳои таърихӣ ва даврабандии таърихи забони тоҷикӣ» дар заминаи омӯзиши овандҳои таърихӣ ва забонӣ роҳи пажӯҳиши қиёсиро мепазирад. Дар заминаи маводи сареҳ роҳи инкишофи забонро ба тариқи зайл шарҳ медиҳад: «Забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) ягона забонест, ки метавон таърихи ташаккули онро ба се марҳила тақсим кард…».  Забони форсии бостон (оғози хазораи II пеш аз милод то а. IV-III милод), забони форсии миёна (а. IV-III то а. VIII-X милодӣ) ва забони форсии нав, ки беш аз 40 забонро ташкил карда, аз асрҳои  VIII-X то ба имрӯз арзи ҳастӣ мекунад.         Ва муҳим аст, ки муаллиф навобаста аз авзои сиёсӣ, савтиёт, хату алифбо ва тағйироти сохтор бунёди форсӣ, дарӣ ва тоҷикиро як мешуморад ва бо он бар баҳси домандори як набудани онҳо хотима мегузорад. Ва ҷойгоҳи забони тоҷикиро дар гуруҳбандии забонҳои эронӣ: муқаррар фармуда умумиятро миёни забонҳои пешин мепазирад.

Дар ин замина баррасии осори таърихӣ ва пайвандии он дар таърихи забон ҷолиб ва бебаҳост. Дар пайванди шинохтани забонҳои авестоӣ, модӣ, портӣ, Бохтарӣ, Суғдӣ, ки аз ҷониби олимони барҷаста пазируфта шуданд,  дар китоб натиҷагирӣ мешавад. Саҳифаҳои хушоянди пажӯҳиш ба саргузашти вожаи тоҷик бахшида шудаанд. Муаллиф дар ростои ин масъала менависад, ки «Дар бораи вожаи тоҷик ба маънои қавм, миллат ва ба мафҳуми истилоҳи забоншиносӣ, яъне номи забон маводи фаровон ҷамъ омада, назарияву андешаҳои гуногун то имрӯз иброз гардидааст». Ва воқеист, ки ба қавли муаллиф дар ин мавзӯъ «…то ҳол хулосаҳои ниҳоии илмӣ бароварда нашудааст».

Муаллиф дар ибтидо ба истилоҳи тоҷик ба маънои номи халқ муроҷиат намуда аз рисолаҳои  шоёни олимони ғарб такя мекунад. Яқин мешавад бо номи тоҷик дар Аврупо ва Руссия дар а. XVIII-XIX ошно шуданд ва ҳамчун ақвоми ориёӣ тоҷикро шинохтаст. Қаблан низ мизони навиштаҳои алоҳида ба манфиати миллати тоҷик ташреҳ мешуд ва муаллиф дар муқоиса кулли андешаҳоро рубарӯи ҳам чида бартариро мусбат арзёбӣ мекунад. Яъне тоҷик  қавми куҳанбунёдест, ки аз оилаи ориёист ва ҳиҷ муносибати этникӣ бо арабу турк надорад.

         Олими шаҳир Хаников Н.В. дар ибтидо вожаи «тоҷик»-ро бо калимаи юнонии «тагос» ба маънои пешво, ҳукмрон наздик медонист, ки ин калима дар асрҳои VI-V пеш аз милод дар забони юнонӣ вуҷуд дошт». Яъне, ҳамон вожаи «додик», «таск» ва «паск» аст, ки дар осори муаллифони юнонӣ вомехӯрад. Пасон дар асари ҷомеи забоншиносӣ бо номи «Грундрис» дастгирӣ ёфт, ки дар он истилоҳи тоҷик ҳамчун истилоҳи нав, ки аз номи кӯлоҳ муштақ шудааст, талаққӣ гардидааст».

Дар ин асари ҷамъбастӣ тибқи пажуҳиши олимони шарқу ғарб вожаи тоҷик ба шаклҳои гуногун аз даврони куҳан дар робита бо номи халқ вуҷуд доштааст. Хулосаи муаллиф аз рӯи маводи мавҷуда, ки бештар ба тарафдории вожаи қадимтарин ва асилтарин «тоҷ»-и эронӣ мебошад, ки заминаи мушаххаси эронӣ дорад. Ақидаи В.В.Бартолдро, ки пайдоиши вожаи тоҷикро аз номи қабилаи арабии «тай» дониста аст, олимон М.С.Бобринский, В.Миллер, А.К.Баровков, А.Н.Бернштам, И.И.Умняков ва дигарон рад мекунанд. А.Н.Бернштам собит мекунад, ки калимаи тоҷик дар нимаи ҳазораи охири пеш аз милод дар асоси решаи қадимаи эрони сакоии «тажи» пайдо шудааст  ва И.И.Умняков бунёдашро бар асоси форси бостони «ғаз», ба маънои «кулоҳ» медонад.

Барои тасдиқи андешаҳои олимони зикршуда ба осори чиниён, сангнабиштаи  Яковланг, нусхаи хати монавӣ-портӣ, чор Сиккаи тегиншоҳиён, ки  Ҳелмут Хумбох тафсир кардааст, муроҷиат менамояд.

Муаллиф ба муродифҳои забони тоҷикӣ хоса изҳори назар дорад ва  ба ашъори шоирон Саъдӣ, Мавлавӣ, Буҳанифаи Исҳоқӣ, Унсурии Балхӣ такя намуда вожаҳои деҳгон, деҳқон, озодагон ва ғайраро зимни матнҳои хоса ва фарҳангномаҳо баррасӣ мекунанд. Ҳамзамон «Хостгоҳ ва меҳани забони тоҷикӣ» аз назари муаллиф дур намондааст. Комилан ба баҳсҳои бебунёди доираҳои муайян хотима бахшида менависад, ки «…Забони модарии мо имрӯз дар се кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги Тоҷикистону Эрону Афғонистон ба сифати забони расмӣ бо номҳои тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ амал мекунад». Ва ин забонҳо аз даврони куҳан дар се ҳавзаи бузурги фарҳанги ташаккул ёфта, рушд кардаанд. Ин андешаҳо дар заминаи адабиёти  хаттӣ, фарҳангномаҳо ва пажӯҳиши олимони неруманд шакл гирифтаанд, ки дар китоб фаровонанд. Метавон ҷумлаи андешаҳои олимонро бо як навиштаи Е.С.Бертелс ҷамъбаст кард: «Ҳамон забони адабие, ки баъдан дар қаламрави Эрони имрӯз аз он истифода мекарданд, дар ибтидо маҳз дар Осиёи  Миёна, он ҷое, ки ҳоло тоҷикон зиндагӣ мекунанд, гул карда, шукуфо шуда буд».

Овони пайдоиши забонро дар асоси овандҳои дақиқ ба асрҳои VIII-IX муқаррар кардаанд, ки боварибахш ва далерона аст. Дар ин овон забони фасеҳ ва равон шакл гирифта буд, ки чанд далели сареҳ баён шудааст: Матнҳо дар санг, истифодаи вожаҳои тоҷикӣ, дарӣ, форсӣ дар Қуръон ва нахустин пораҳои шеърӣ.

Муаллиф чун осори қаблиашон барои асоснок кардани далелу бурҳон ба авзои сиёсӣ ва таърихи давронҳо рӯ меорад. Бе рӯширинӣ ва истиҳола, дар боби III «Забони мо дар давраи истилои араб» … аз саффокиву  хуношомии қавми  беадаб мисолҳои фаровон меорад. Араб сӯхт, кушт ва манбаи эътиқодоти маҳаллӣ, забону хатро ҳадафи нестшавӣ қарор дод, то ба сиёсати хеш арабсозиро битезонад. Вале забон ҳамчун шамшери бурро ба василаи ҷавонмардони ватанхоҳу ватанпараст  монеаи асосӣ гардид. Барои аз миён бурдани забон ва оин ва анъанаҳои маҳаллӣ мавҷи муҳоҷирон ба Варазруд афзуд ва макони зисташон хонаҳои мардумони бумӣ гардид.

Бино ба ахбори мавҷуда, ки дар китоб зикр мешавад теъдоди мардони ҷангии араб дар Хуросону  Мовароуннаҳр  175 ҳазор ва шумораи муҳоҷирон бо иловаи занону кудакон 200 ҳазорро ташкил мекарда, ки офати бузург буд. Арабҳои дингустар ва ҳаросафкан дар нест карданни осори хаттӣ ваҳшониятро дунболо карданд.      Ба қавли муаллиф арабҳо бо мақсадҳои доманадор ният доштанд «се рукни муҳими таммаддун, яъне дин, забони расмӣ ва алифборо аз миён бубаранд», ки боиси фанои халқи  куҳантаърих мегардид. Вале далерони ҳушёр ва сарсупурда ба ин сиёсат муросо накарданд, ки инъикосаш дар таърихҳо фаровон рафта. Ва як омили муҳимми ҳифзи миллат забон буд, ки аз хатарҳои ҷиддӣ раҳид. Дар баробари родмардони пайкоровар бузургони илму маърифат дар нигаҳбонӣ ва  покизадорияш нақши муҳим гузоштанд. Барои эшон низоми сиёсӣ дар симои Тоҳириён, Саффориён ва Сомониёну Ғазнавиён имконият ба вуҷуд оварданд. Аз матолиби тоза назари муаллиф ба даврони Ғазнавиён аст, ки дар адабиёти таърихӣ баҳои сазовор нагирифта буд. Корномаи ин силсиларо, ки забони тоҷикиро дар Ҳинд густариш доданд ва подшоҳонаш ба мисли Сомониён ба забони тоҷики ба илму адаб алоқамандӣ доштанд, мақом ва мавқеи муаллиф дар таърихи тоҷикон тағйир медиҳад. Воқеист, ки дар дарбори Ғазнавиён 400 шоир гирд омада буд ва бар асари алоқамандӣ Султон Маҳмуд низ шеър мегуфтааст.

Дар бораи бузургони  илму адаб Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Абдулқосим Фирдавсӣ, Абунасри Форобӣ, Абуалӣ Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Ҳаким Майсарӣ, Закариёи Розӣ ва суфиёну диндорони давраҳои томи таърихӣ, ки дар нигаҳдорӣ, рушд ва ташаккули забону фарҳангӣ тоҷик нақши муҳим гузоштаанд, маълумот нишон расанд. Муаллиф ба таърихномаҳо ва номанигории асрҳои миёна диққати зарурӣ медиҳад. Аз ҷумлаи онҳо Абулфазли Байҳақӣ буда, ки асараш «Таърихи Байҳақӣ» бо забони зебои тоҷики иншо шуда, бо итминон аз тоҷик буданаш сухан мегӯяд. «Таърихи Сиистон» дар худ вожаҳои хушсадои тоҷикиро нигоҳ дошта, осори Абурайҳон Берунӣ «саршор аз вожагону истилоҳоти забонҳои қадимаи Эронист», ки намунаашро Эмомалӣ Раҳмон ёдовар мешавад.

Саҳифаи тоза дар таърихнигорӣ ва  комил гардидани таъриху фарҳанги тоҷик ишора ба аҳди Зиёриён ё Повандиён аст, ки эронитабор буданд. То имрӯз дар доираи мардум ва хонандаи тоҷик номи подшоҳи ин занҷира Мардович маъруф набуд. Бино ба навиштаи Э.Раҳмон Мардович ба оинҳои куҳан эътиқодманд буд ва «пас аз Яъқуб ибни Лайс дувумин подшоҳи эронитабор аст, ки ошкоро бар зидди хилофати Бағдод бархост».

Қобус ибни Вашмгир аз намунаи барҷастаи ин хонадон ба ҳисоб мерафт, ки дар баробари сиёсатмадорӣ табъи равон низ дошт. Ва муддате Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ таҳти ҳимоят ва меҳрубониаш қарор доштанд. Аз аҳли ин хонавода Унсурулмаолии Кайковус ба шумор меравад, ки фазои мусоиди адабӣ ба вуҷуд овард, ки дар меҳвараш «Қобуснома»-и худи ӯ меистад.

Дар боби: «Густариши забони тоҷикӣ ба сифати забони байналмилалӣ» муаллиф аз шукуҳу густариши забон дар ҳавзаҳои муҳимми фарҳангии асрҳои миёна Хуросону Мавароуннаҳр, Ҳиндустон ва Осиёи  Сағир маълумоти фаровоне медиҳад. Дар ин ҷода нақши  ҳокимони Ғазнавӣ ва Салҷуқӣ, ки парваришдидаи мактаби сиёсӣ ва фарҳангии Сосониён буданд. хеле бузург буд. Оғоз аз а.XI забони тоҷикӣ нуфузи байналмилалӣ пайдо мекунад.

Аз рӯйи ахбори таърихнигорон расми давлатдориро Салчуқиён аз сиёсатмадорони тоҷик бардошта, ба он  содиқ монданд. Танзими идорот бо номи ашрофзадагони тоҷику форс, аз ҷумла, вазирони салчуқӣ Амидулмулк Кундурӣ ва Низомулмулк робитаи қавӣ дорад. Дар ин овон мутафаккирони овозадор Фахриддини Гургонӣ, Носири Хисрав, Ҳаким Умари Хайём, Муиззии Нишопурӣ, Адиб Собир, Абдулвосеи Ҷабалӣ, Асадии Тусӣ, Ҳоқонии Шервонӣ, Низомии Ганҷавӣ, Шайх Аттор, Мавлонои Балхӣ ва дигарон дар равнақи илму адаб, хоса забони тоҷикӣ саҳми бузург доштанд, ки аз назари муаллифи китоб дур намондааст. Ҷолиби диққат аст, ки дар китоб аз асари мутақобилаи забонҳо, ки дар заминаи омилҳои сиёсӣ, динӣ, иқтисодӣ, илмӣ - фарҳангӣ ва ҳамсоядорӣ ба вуҷуд  меоянд, ёд шудааст.  Воқеист, ки муаллиф ҷонибдори пажӯҳишгаронест, ки «забони холис» ва «нажоди  холис»-ро намепазиранд.  Яқин аст, ки  калимаҳои иқтибосӣ дар рушду ғановати забон меафзояд, ки муаллиф бо намунаҳо собит мекунад…

Воқеан, забони тоҷикӣ роҳи пурпечу фарозеро сипарӣ кард ва аз хатари Искандару арабу муғул ва аз озмоиши қарни ХХ гузашт, вале хотирҷамъ будан забону фарҳангро ба вартаи заифӣ ва гумномӣ мекашад. Зеро ҷаҳонишавӣ, махлутии фарҳангҳо, ки аз таҳоҷуми ғояи бегона сарчашма мегирад ва густариши космополитизми шадид дар заминаи адёну мазҳабҳо ва намунаҳои санъат хатарро дучандон мекунанд. Дар ин раванд нуфуз пайдо кардани ҷараёнҳои ифротгаро, ки дар заминаи талқини таъриху фарҳанги бегона теша ба решаи оини аҷдод ва дар ин зимн ба забон мезананд,  хеле бад аст. Яъне омилҳои дохилӣ ва хориҷии заифгардонии забонӣ зиёданд.  Ва ҳам ба қавли Эмомалӣ Раҳмон «Забони мо… ба ду забони муқтадири ҷаҳон - русӣ ва англисӣ рӯ ба рӯ…» омада, дастгирӣ ва пуштибонии оқилонаеро тақозо мекунад. Яъне, ҳушдор ва андешаи пешбинонаи Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳи замон ва авзои воқеии забони миллӣ созгор омадааст.  Албатта, наметавон дар чанд саҳифа андозаи арзиш ва муҳиммияти китобро фаро гирифт. Замони истиқлол имконият дод, китобҳое навишта шаванд, ки дар парвариши худшиносӣ, ифтихор ва ватанпарасти саҳмгиранд. Дар миён бо назардошти авзои сиёсии ҷаҳон асаре дар таърихшиносӣ ва забоншиносии тоҷик ба миён омад, ки камназир аст.

Ва зарур аст, ки китоб ба забонҳои русӣ, англисӣ тарҷума шавад. Нашри бештари китоб аз аҳамият холӣ нест ва ниҳоят муҳим аст, ки дар барномаҳои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишгоҳҳо ҷорӣ карда шавад.

Раҳмоналӣ ШАРИФОВ,  дотсент, декани факултаи таърих.

Ҷонибек АСРОРИЁН, муаллими калони кафедраи таърихи дунёи қадим, бостоншиносӣ ва асрҳои миёна

Бознашр аз китибо "Ҷавонон - пайрави Эмомалӣ Раҳмон"

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg