БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҳдид ба Тоҷикистон: Эрон ҷанговарони ҳизби наҳзатро аз Сурия ба Афғонистон интиқол медиҳад

ТАҲЛИЛ. Кишвари Эрон дар ташкили ҷангҳои шаҳрвандӣ, бахусус дар Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997, ки онро бо дасти наҳзатиҳои террорист амалӣ сохт, таҷрибаи кофӣ дорад. Бо истифода аз ин таҷриба, имрӯзҳо эмисарони Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ва масъулини хадамоти махсуси ин кишвар аъзоёни фирории Ташкилоти экстремистиву террористии ҳизби наҳзати исломӣ (ТЭТ ҲНИ)-ро аз ҷиҳати идеологӣ дар кишварҳои аврупоӣ ва аз лиҳози омодабошии ҳарбӣ ва ҷангӣ  дар лагерҳои низомии марбут ба ин кишвар дар Эрон, Сурия, Ироқ, Лубнон, Яман ва Афғонистон таълим дода истодаанд.

Чанде пештар ҷанговарони ТЭТ ҲНИ, ки дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба қаламрави Афғонистон интиқол дода шуданд. Ин воқеа ба мақсади таҳдид ва ноором намудани амнияти Тоҷикистон ва Осиёи Миёна амалӣ гардида, хатари мустақими он ба Россия низ хоҳад расид.

Эронро бо ТЭТ ҲНИ - бахши Ихвонулмуслимин дар Тоҷикистон- робитаҳои таърихӣ мепайвандад. Эрон аз ҷониби худ ҷанговарони ТЭТ ҲНИ-ро дар ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои навадуми асри гузашта суйистифода ва дастгирӣ менамуд.

ТЭТ ҲНИ, ки шохаи гурӯҳи Ихвонулмуслимин ба шумор меравад, аз ҷониби Саид Абдулло Нурӣ таъсис дода шуда, таърихан исбот намуд, ки фаъолияти зери чатри “исломи сиёсӣ” ғайр аз харобкорӣ ва нооромӣ дар ҷомеа, чизе дигаре намеорад. Дар натиҷа моҳи сентябри соли 2015 ошӯби мусаллаҳонаи пайрави ТЭТ ҲНИ генерал Абдуҳалим Назарзода (бо лақаби Ҳоҷӣ Ҳалим) чеҳраи ҳақиқии ин ташкилоти террористиро ба ҷомеаи байналмилалӣ ошкор намуд. Ҳамин тавр, фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви СҲШ ва ОДКБ манъ гардида, ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф шудааст.

Бо интиҳои ҷангҳои Сурия ва дархостҳои Россия ва ИМА ҷиҳати хориҷсозии ҷанговарони эронӣ аз қаламравӣ Сурия, Эрон садҳо ҷанговарони ТЭТ ҲНИ-ро ба сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистон интиқол дода, вуҷуди онҳоро ба ҳайси таҳдид ба Ҳукумати Тоҷикистон қарор дод.

Давоми як соли охир тамоюли таҷаммӯи гуруҳҳои террористӣ дар қисмати шимолии Афғонистон, ки қаблан ором буд, мушоҳида мешавад. ДОИШ, ТЭТ ҲНИ, "Ансоруллоҳ” ва дигар гуруҳҳои ифротӣ кӯшиш доранд, дар онҷо пойгоҳҳои таълимиву тамриниашонро ҷой карда, барои таъсири бештар ба Осиёи Марказӣ платсдарм бисозанд.

Наворҳои видеоӣ ва шоҳидони воқеъҳои даҳшатафкан гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки Эрон дар амалӣ намудани сӯйиқасдҳо бар зидди шахсони сиёсатмадор, фарзонагон ва рӯзноманигорони тоҷик даст дорад ва кумакҳои молиявӣ ва низомии ин кишвар ҳангоми ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум ба ҳамагон маълум аст.

Дар рафти фаъолиятҳои Конфронси ваҳдати исломӣ, ки соли 2016 багузор гардид, Эрон роҳбари ТЭТ ҲНИ, Муҳиддин Кабириро меҳмоннавозӣ намуд. М.Кабирӣ бо роҳбари рӯҳониҳои Эрон Алӣ Хоманаӣ вохӯрӣ анҷом дод. Ҳукумати Тоҷикистон ин амали Эронро аз ҷониби худ маҳкум сохт. Тоҷикистон А.Хоманиро барои дастгирии роҳбари гурӯҳи террористӣ, ки хатари онҳо ба амнияти Тоҷикистон таҳдид мекунад, муттаҳам месозад.

Дар рафти ҷаласаи пўшидаи охирини ТЭТ ҲНИ дар шаҳри Варшаваи Полша, Мухиддин Кабирӣ ба иштирокчиёни ҷаласа, нақшаи бо дастгирии Эрон ба марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамла карданро фаҳмонида додааст. Тибқи нақшаи таҳрезикардашудаи М.Кабирӣ, бо маблағгузории Эрон аз давлатҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро тавассути Эрон ба Афғонистон гузаронида, онҳоро ба сарҳадҳои Тоҷикистон наздик созанд. Имрӯзҳо бисёри ҷангиёни ТЭТ ҲНИ дар лагерҳои Эрон таҳсили ҳарбӣ гирифта истодаанд.

Аз нақша ва ҳадафҳои ғаразноки онҳо тамоми ҷаҳон огоҳ буда, ба онҳо нафрат мехонанд. Рафтор ва кирдори онҳо хилофи таълимоти дини мубини ислом буда, омили бадномкунандаи муқаддасоти диннӣ мубини ислом дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.   

Бознашр аз сомонаи https://www.aldarvoice.ae/49213.html.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg