БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Обкӯҳ ва оғози санъати шаҳрсозӣ дар Хатлон

БА ИСТИҚБОЛИ СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад гуфтааст: Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми меҳмондӯсту меҳмоннавоз ва макони меваҳои шаҳдвор буда, бо боду ҳавои муътадили худ, манзараҳои гуногунранги табиат, кӯҳҳои сарбафалаккашида, обҳои мусаффо, ҳайвоноту набототи нодираш дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайёҳӣ ба шумор меравад.

Тоҷикон миллати куҳанбунёнди Осиёи Миёна буда, бо маданияти хуби шаҳрсозиашон дар асрҳои IX-XI ном баровардаанд. Яке аз чунин маконҳои таърихӣ барои омӯхтани таърихи шаҳрсозии миллати тоҷик ин мавзеи Обкӯҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад. Шаҳрҳои калон дар Тоҷикистон дар асрҳои IX-XI бо хишти пухта сохта шуда, бо гаҷ оро дода шуда бо оҳак сафед карда мешуданд. Оҳак, хишти пухта ва гаҷ дар Обкӯҳ тайёр карда мешудааст.

Обкӯҳ дар таги теппаҳои деҳаи Тудабоёни ҷамоати деҳоти Чубек воқеъ буда, дар охири солҳои 70-ум хиштҳои паҳноиашон тахминан 50-70 сантиметри ва ғафсиашон 5-6 сантиметри ёфташуда буданд. Яке аз кормандони роҳбарикунандаи хоҷагӣ боре ду дона хиштҳои пухтаро ба кумитаи ҳизби ноҳия овард ва бо тавсияи роҳбари ҳамонвақтаи ҳизб Ҳабибулло Табаров ин хиштҳоро ба Эркиной Ғуломова, ки он вақтҳо дар Сайёди қадима тафтишот мегузаронд, бурда нишон доданд. Эркиной Ғуломова изҳор доштааст, ки ин хиштҳо ба хиштҳои қаълаи шоҳнишинии Ҳулбук монанди доранд ва аҷаб нест, ки дар байни ин теппа хумдон ё ҷойҳои хиштзанӣ сохта шуда буданд ва хишти қаъла дар ҳаминҷо пухта ба он ҷо кашонида шуда ва баъд қаъла бино карда бошанд.

Дар ин эрод мо, ки аз рӯи ривоятҳо хишти қаълаи Ҳулбук гӯё, ки дар пушти гусфандон баста аз Бухоро оварда шуда бошанд, ӯ хушҳолона хандида гӯфт, ки он ривоят беасос аст. Баъди бо диққат дида баромадани барои теппа, ҳамагӣ 11-12 қадам аз ҷойи хиштҳои ёфташуда чуқуриеро пайдо карда Эркиной Ғуломова изҳор доштааст, ки ана ин ҷойи оҳакпазии мардумони ин сарзамин будааст. Шояд аз кӯҳи Хоҷамуъмин, ки ҳамаги дар дурии 2-3 км воқеъ аст, сафедсангҳои оҳакбобро оварда дар ин хумдонҳо тал мепечондаанд ва аз поён ҷойи оташзаниро нишон дода гуфт, ки аз ин ҷо ба сангҳо оташ монда онҳоро сухта метафсонданд ва баъд об мепошиданд. Аз оҳак гаҷ низ тайёр мекарданд, ки дар ороиши хонаҳои боҳашамат ва қасру кушҳо истифода мешуд. Инчунин, донандаи хуби таъриху археологияи тоҷик Эркиной Ғуломова изҳори таасуф кард, ки аз ин ҷо ва аз чӣ аз Ҳулбуку Сайёд ва Золи Зар мардуми маҳаллӣ ҳангоми гирифтани сафедхок барои сохтани хонаҳояшон бисёр ёдгориҳои таърихиро донистаю надониста нобуд сохтаанд. Ҳоло дар ёдгории таърихии Обкӯҳ мазорҳои кӯҳна дида мешавад.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg