ҲАМАДОНӢ. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Раёсати молия» дар мавзӯъи «Муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар онҳо» хониши сиёсӣ гузаронид.
Чуноне, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22.12.2017 омадааст, соли 2017 аз ҷониби баъзе хизматчиёни давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта нисбат ба соли 2016 зиёд шудааст. Ин бонги изтиробу ташвиш ҳар яки моро водор месозад то коррупсияро ҳамчун падидаи номатлуб шиносем ва хатари онро баа мнияту Истиқлолияти давлатӣ бештар дарк намуда, ҷиҳати муборизаи беамон ба муқобили он якдилу якмаром бошем гуфт, дар баромадаш Гадоӣ Сайдалиев.