ХУРОСОН. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон, барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим ва раиси ташкилоти ибтидоии «Фахробод» Мавлонов Сироҷиддин хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аешгирии ҷавонон аз хавфу хатарҳои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суханронӣ намуд.
Дар охири хониши сиёсӣ иштирокчиёни ҷамъомад миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, тинҷиву оромӣ ва пешравию шукуфоии Ватани азизамон баён карданд.