БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо эҳёи анъанаҳои неки ниёгон ба тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа мусоидат мекунем

Н.ХУСРАВ. Дар асоси    нақшаи  мувофиқашуда   оид  ба  баргузории  вохӯриву мулоқотҳо дар  корхонаву  муассисаҳо,  ташкилот ва  деҳаю  маҳаллаҳои ноҳияи Носири Хусрав оид  ба  татбиқи самтҳои  афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ- ҳизби  созандаю  бунёдкор дар  нимаи  дуюми  соли  2018  ва Аксияи   ҳизбӣ вобаста  ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ,  ҷиҳат  боз  ҳам    густариш  бахшидани   иртибот  бо  мардум  ва  ҷалби   васеъи ҷавонон  дар  амалӣ  намудани  ҳадаф ва  мақсадҳои  созандаи ҲХДТ  ва нуктаҳои асосии Паёми  Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маҳаллаи  Гулзори  ҷамоати  деҳоти  Фирӯза Асксияи ҳизбӣ  баргузор  гардид.

Аксияро  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия Алиева  Сураё   ифтитоҳ  намуда, қайд  намуд, ки бо мақсади   таҳким бахшидан   ба рукнҳои   Ваҳдати  миллӣ ба  хотири  тақвияти  минбаъдаи   пояҳои  давлатдории  миллӣ, амалӣ  намудани   Соли  рушди  сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ сокинони  маҳаллаҳо  бояд пурра сафарбар  карда  мешаванд.

Доир  ба  нуктаҳои асосии Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон мудири  шуъбаи  таблиғот,  иттилоот  ва  матбуоти кумитаи иҷроия   Муродов  Раҳмон  баромад  намуд.

Дар  Соли  рушди  сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ ба  рушди  корҳои  хонагӣ, косибӣ, касбу ҳунаромӯзӣ , баланд бардоштани  фарҳанги  миллӣ, ҳифзи суннату  анъанаҳои  миллӣ, раҳоӣ ёфтан  аз  бегонапарастӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги гузаштаву  муосири  халқро  ба  роҳ  монда,  ҷалби  ҷавонон  ба  касбу  ҳунарҳоро  ривоҷ диҳем.

Вобаста  ба  номусоидии  обу  ҳавои  соли  ҷори кишти  такрори , барқарорсозии  заминҳои  аз  гардиши  кишоварзӣ  берунмонда, захира  намудани  маҳсулоти  озуқаворӣ, истифодаи  самиараноки  заминҳои  наздиҳавлигӣ маълумот дода шуд.

Аз  ҷониби  сокинон  ҳунарҳо  мардуми  ва намоиши  зироатҳои  полезӣ  ба  марази  намоиш  гузошта  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg