БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум аз амалҳои хиёнаткоронаи хоинони Ватану миллат хуб огоҳанд

А.ҶОМӢ. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, зиёд намудани сафи аъзои ҲХДТ аз ҳисоби шахсони арзанда ва фаҳмонидани самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ, вохӯриву мулоқотҳои судманд бо зиёда аз 120 нафар сокинони деҳаи Правдаи ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсиву оммавӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрии баргузоргардида кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Самадова Саёҳат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Инчунин дар ин раванд  ба мардум  моҳияти  амалҳои террористиву хиёнаткоронаи гурӯҳҳои ифротиро  фаҳмонида, онҳоро барои  аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсиро огоҳ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg