БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар меҳвари хонишҳои сиёсӣ

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузори хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо  вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид дар шуъбаи ислоҳоти иқтисодии  ноҳияи Темурмалик доир гардид.

Зимни хониши сиёсӣ  дар  мавзӯъи  ташвиқу тарғиби самтҳои             афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин дар масъалаи паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза бо онҳо андешаронӣ карда шуд.  

Дар рафти мулоқот Раҷабзода Маҳмадсаид баромад карда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро  ба иштирокдорон фаҳмонид. 

Доир ба суханронии Раҷабзода Маҳмадсаид иштирокдорон Қурбонов Файзалӣ ва Талбаков Комрон вобаста ба хониши сиёсӣ андешаҳои худро баён карда, роҷеъ ба раванди ислоҳоти иқтисодӣ дар ҷомеа андешаронӣ намуданд.

Дар охир Раҷабзода Маҳмадсаид аз ҳозирин даъват  намуд, ки ҳамчун азои фаъоли ҲХДТ маълумотҳои аз хониши сиёсӣ гирифтаи худро  дар байни аҳолӣ  ташвиқу тарғиб намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg