БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд

ПАНҶ. Бо мақсади тарбия ва ташаккули мафкураи солими ҷомеа, дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ростои Соли тақвияти робита бо маҳал дар ташкилоти ибтидоии «Молия» хониши сиёсӣ бо иштирок ва суханронии раиси Кумитаи иҷроия Файзиев Каримҷон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ Файзизода Бахтиёр баргузор карда шуд.

Бо шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш Файзиев Каримҷон иброз дошт, ки Роҳбари давлат дар Паёми имсолаашон қайд карданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Дар ин росто мо чунин мешуморем, ки расидан ба ин ҳадаф, бо роҳи пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, анҷоми корҳои созандагиву ободонӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба даст меояд, ки аз ҳар кадоми мо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, заҳмати содиқона ва ташаббускориро тақозо менамояд.

Дар баробари ин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб дар ин ташкилот, ки ба хотири баланд бардоштани маърифати маънавӣ ва сатҳи фаҳмиши сиёсии ҳар як корманд дар умум оммаи васеъ мебошанд,  дар меҳвари вохӯрӣ қарор доштанд.

Ҳамчунин, Файзизода Бахтиёр дар суханрониашон иброз дошт, ки  ин иқдом яъне хониши сиёсӣ дар шароити пуртаззоди ҷанги иттилоотӣ воситаи муҳиме баҳри мафкураи мардумро солим нигоҳ доштан аст, ки аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Сарвари давлат гувоҳӣ медиҳад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg