БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Озмун барои дарёфти ҷоизаҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани Соли тақвияти робита бо маҳал ва дар ин росто ҳавасманд гардонидани ташкилотҳои ҳизбӣ барои дарёфти ҷоизаҳои «Беҳтарин муаррифкунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ», «Армуғони Хатлонӣ», «Маликаи Хатлон», «Тарроҳи Хатлон» ва “Беҳтарин доиркунандаи чорабинии сатҳи маҳал” озмун эълон менамояд.

Барои муайян намудани ғолибон ҳайати Комиссияи тадорукотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муайян карда шудааст.

Озмун моҳи декабри соли ҷорӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо Ҷоиза, Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва тўҳфаҳои таъсиснамудаи ҳайати тадорукот сарфароз гардонида мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg