БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мубориза бо бемориҳои сироятӣ кори дастаҷамъонаро талаб менамояд

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зарқалъа” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ ташкил карда шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зарқалъа” Шарипов Неъматулло дар рафти мулоқот иштирок ва баромад намуданд.

Зимнан, Валиева Саъбагул зикр кард, ки ба ҳамагон маълум аст, ки бемории ВНМО/АНМО бемории ҳалокатбор буда, ҳар сол дар миқёси олам ҷони чанд миллион нафарро аз байн мебарад ва теъдоди гирифторони ин мусибат, ки онро «вабои аср» меноманд, сол ба сол зиёд мегардад. Мубориза бар зидди бемории мазкур кори дастаҷамъонаро талаб мекунад. Хусусан, кормандони соҳаи тиббиро зарур аст, ки вобаста ба баланд бардоштани маълумотнокӣ дар бораи ВНМО/АНМО корҳои фаҳмондадиҳиро дар ҷомеа зиёд намоянд.

Шарипов Неъматулло дар суҳбат гуфт, ки пешгирӣ намудан аз паҳншавии ВНМО/АНМО кори умумиҷамъиятӣ ва шахсии ҳар як инсон мебошад. Барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ пеш аз ҳама шаҳрвандон бояд тарзи ҳаёти солимро пеша карда, аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.

Дар охир ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ботантана супурда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg