ПАНҶ. Мутобиқи дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Панҷ аввали моҳи июн дар байни ҳизбиён, фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» барои соли 2019 оғоз гардид, ки айни ҳол муташаккилона идома дорад.
Ин нашрияҳо имрӯз ба минбари ҳақиқии тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон табдил ёфта, дар роҳандозии сиёсати созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамалакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассири худро гузошта истодааст.
Нашрияҳое, ки айни ҳол талабгори зиёд миёни мардум доранд, «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» мебошанд. Дар ин рӯзномаҳо, ки маъмулан тамоми хабару навгониҳои охирини Тоҷикистон дар он дарҷ мегарданд, боис мешаванд, ки ҳизбиён ва умуман мардуми кишвар ба он таваҷҷуҳи зиёд намоянд.
Аввалин шуда, дар ноҳия ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк» ба 10 нусха нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» ва 10 нусха рӯзномаи «Ҳамрози халқ» обуна шуда, нақшаи обунаро барои соли 2019 пурра иҷро намуданд.