БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маорифчиён аз хониши сиёсӣ таассуроти нек бардоштанд

 

Ҷ.БАЛХӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ дар ташкилоту муасисаҳо дирӯз дар шуъбаи маорифи ноҳия вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроия ва муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат доир гардид.

Зимни баргузории хониши сиёсӣ дар мавзӯъи тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин дар масъалаи паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза бо онҳо гузаронида шуд.

Дар рафти мулоқот масъулин самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро аз ҷумла оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, рушди хунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва ҷалби шахсони бекор ба касбу ҳунарҳои миллӣ,  сарфакоронаву сарфаҷӯёна истифода бурдани нерӯи барқ, ҳар қатра обҳои  поку мусаффои Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои волои миллӣ, тарбияи ҷавонон дар роҳи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ҷалби онҳо ба сафи Артиши миллӣ ва дигар масъулахои мубрами рӯз  андешаронӣ намуданд. Машғулияти сиёсӣ ба иштирокдорон  таассуроти нек бахшид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg