А.ҶОМӢ. Вохӯриву суҳбатҳои гурӯҳҳои таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳудуди ҳамаи маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо мақсади фаҳмонидани самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар мавзӯъҳои тарғибу татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, рушди ҳунарҳои мардумӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2018, ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хонагӣ, истифодаи самараноки нерӯи барқ ва дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо бо иштироки сокинони маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ва оммавӣ идома доранд.
Чунин вохӯрӣ дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардид, ки дар он масъулин оид ба масъалаҳои болозикр ҳарф зада, ҷамъомадгонро аз амалҳои нопоки гурӯҳҳои ифротӣ огоҳ карданд.