КӮЛОБ. Доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Автодром” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Мулоқот бо иштирок ва суханронии мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Автодром”, директори пойгаҳи автоматикунонидашудаи шаҳри Кӯлоб Табаров Зафар оғоз гардид.
Нахуст, Фирӯзи Саидмӯъмин баромад намуда, қайд кард, ки муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳимми сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он райъи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.
Ба шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвари мо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст.
Дар идомаи суҳбат Табаров Зафар гуфт, ки ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеъи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин иштирокдорон қайд намуданд, ки танҳо дар ҳамбастагӣ мо метавонем бар зидди ин амалӣ номатлуб муқовимат нишон дода, барои паст кардани шиддати он саҳмгузор бошем.