БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушди иқтисодиёт аз рушди соҳаи саноат вобастагии калон дорад!

ЁВОН. Ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, ки дар гузашта  ҳамчун ноҳияи аграрӣ дар кишвар шинохта шуда буд, имрӯзҳо бо бунёди корхонаҳои калони саноатӣ ба як ноҳияи агросаноатӣ табдил ёфтааст.

Ҳар сол даҳо коргоҳҳои хурду калон бо ташаббуси соҳибкорони муваффақи ноҳия бунёд гардида, ҳазорон нафар бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

DSC_0130.JPGТибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли равон  дар корхонаи ҶДММ «Талко Кемикел» бо иштироки фаъолону аҳли заҳмати корхона вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Сабоҳат Каримова ва раиси Шӯрои собиқадорони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафархолов Қутбиддин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла баррасии муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби арзишҳои миллӣ, таъмини ҷойҳои корӣ, саҳм гузоштан дар ободонии Ватан, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кормандон ва ғайра андешаронӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg