БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон-кафолати пешравии ҷомеа

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Хушманзари ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара бо аҳолӣ дар самти тарбияи сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон суҳбату вохӯрӣ анҷом дода шуд.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмаҳмад иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимнан Каримов Пирмаҳмад дар назди ҷамъомадагон атрофи  сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат, эълон гардидани  соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи  байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ, ки  ба некӯаҳволии мардум равона карда шудааст суханронӣ намуд.

Инчунин мавсуф дар идомаи суҳбат сокинонро аз амалҳои  муғризонаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ  огоҳ карда, онҳоро баҳри аз  даст надодани ҳушёриву зиракии  сиёсӣ ва ҳифзи  оромиву осудагии  рӯзгорашон раҳнамоӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg