ВАХШ. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ба номи "Мирзо Турсунзода"-и ҷамоати шаҳраки Вахш бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Негматов Азизулло вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб дар мавзӯъи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карда шуд.
Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ Негматов Азизулло аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки баҳри дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонибдорӣ аз дастуру ҳидоятҳои неку ояндадори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.