БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиён дар иҷрои нақшаи обуна-2019 масъулияти баланд доранд

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Раҷабализода Парвиз ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгири Исоев Фаррух ширкат доштанд.

Зимнан Раҷабализода Парвиз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ,  аз ҷумла таҳияи мақолаву гузоришҳои тарғиботӣ ва нашри он дар ВАО-и ҳизбӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ   суханронӣ намуда, қайд кард, ки бо пайдоиш ва рушди интернет инсоният дар самти шинохти сайёраи замин ва қайҳон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида,  имкониятҳои фаровони интернетро ҳамқадами ҳаёт ва фаъолияти худ интихоб намудааст.

Ҳарчанд нақш ва аҳамияти интернет барои инсон бебаҳс аст, аммо пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби ба он моро ба он водор месозад, ки ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақсадноки интернет бошем.

Сипас, дар идома роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии  «Почтаи тоҷи» Собирзода Умеда оид ба иҷрои нақшаи обунаи соли  2019 ба сухан баромада,  пешниҳодҳои некро баҳри иҷроиши саривақтии нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”  баён кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg