БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дастгириҳои беназири Пешвои миллат руҳия ва завқи ҳунармандонро даҳчанд зиёд кард

Ҷ.БАЛХӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  дар маҳаллаи Учқуни ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шарора» намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоишӣ ҳунарҳои дастӣ, хӯрокҳои миллӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид, муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуда, қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 22-юми декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018-ро дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.

Ҳамзамон, дар Паём пешниҳод гардид, ки соҳибкороне, ки дар шароити хона ба истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ машғулбуда аз ҳамагуна андоз озод карда шаванд. Ин пешниҳоди ватандӯстона  ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат руҳия ва завқи ҳунармандонро даҳчанд зиёд кард.

Сокинон қайд карданд, ки Суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд сармашқи кори худ қарор дода, тамоми кӯшиши худро баҳри дар амал татбиқ намудани он равона месозем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg