БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фазои тинҷу ороми Ватани маҳбубамонро ноором сохтан хиёнат аст!

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муасссиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳо дар нимсолаи дуюми соли 2018  аз тарафи кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шахритуз дар деҳаи Устокорони ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳия вохӯрӣ бо сокинони маҳал баргузор гардид.

Дар  вохӯрӣ  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира иштирок дошта,  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ  ва ҷиҳати тарғиботи амалии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуд.

Инчунин дар ин раванд дар назди ҷамъомадагон оид ба  амалҳои нопоку ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ки оромиву осудагии рӯзгори мо мардуми  саодатманди тоҷикро нодида мегиранд, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои тинҷу ороми Ватани маҳбубамонро  ноором созанд,  сухан ронда,  аз онҳо ҷиҳати  мубориза бар зидди гурӯҳҳои  ифротӣ  ва пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ бо онҳо  даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg