БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст...

Ш.ШОҲИН. Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳури Тоҷикистон ҳатмист. Мо ҳизбиён тарғиб ва назорату амалишавии қонуни мазкурро  вазифаи  худ дониста баҳри татбиқи он пайваста кӯшиш ба харҷ  медиҳем.

Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ ва аз рӯи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Ваҳдат» воқеъ дар  ҷамоати деҳоти Шӯрообод доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуда,  оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар нимсолаи якуми соли 2018, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ибрози андеша карда, баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии шоистаи мардум тавсияҳои муфид пешниҳод карданд.   

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg