БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум дар роҳи созандагӣ бо азми қавӣ қадам мегузорад!

Ҷ.БАЛХӢ. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳазорчашма» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок намуданд.

Дар оғози чорабини Абдулҳаев Маҳмадсаид қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 22-юми декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018-ро дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

Ҳамзамон, дар Паём пешниҳод гардид, ки соҳибкорони дар шароити хона ба истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ машғулбуда, аз андоз озод карда шаванд. Ин пешниҳод ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат руҳия ва завқи ҳунармандонро даҳчанд зиёд намуд.

Суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ҳар як шаҳрванд, бояд сармашқи кори худ қарор дода, тамоми кӯшиши худро баҳри дар амал татбиқ намудани он равона созанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg