
БА ИСТИҚБОЛИ СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Имсол Пайёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, бо эълон доштани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бори дигар аз пайки нек ва ватанпарастию меҳандӯстии Раиси ҷумҳур, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Ин иқдоми наҷибу ғамхоронаи Президенти кишвар пояеро барои боз ҳам пешравию шукуфоии Тоҷикистон устувор намуда, моро водор месозад, ки соҳаи сайёҳиро такмил дода, диққати сайёҳони хориҷиро ба кишвари биҳиштосои хеш ҷалб намоем ва дар баробари ин ҳунарҳои қадимаи ниёгонамонро бедор намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонем.
Тоҷикистон мавзеъҳоеро дорост, ки на танҳо барои сайёҳон сайёҳатгоҳ балки ин маконҳо дар баробари зебоӣ ва диққатҷалбнамоии хеш хусусиятҳои шифобахши низ доранд.
Чашмаи минералии шифобахши Гарм-Чашма (ба забони русӣ «Горячий источник») дар баландии 2325 метр аз сатҳи баҳр ва дар қисмати ғарбии куҳи Шоҳдара воқеъ буда, маҷрои дарёи Гарм-Чашма, ба дарёи Панҷ мерезад. Чашма умри чандинҳазорсола дорад,зеро дар тӯли чандинасраи мавҷудияташ дар ин ҷо таҳшинҳои оҳаксанг ҷамъ шуда, ба тарафи дарё чун шола овезонанд. Ин шолаҳо ранги сафеди равшан, зардчатоб ва хурмоӣ дошта, дар шакли туппаҳои сарбурида ба масофаи 1,5 километр, паҳнояшон 40-50 метр, баландиашон аз 7 то 35 метр тӯл кашидаанд. Оби минералӣ ба болои ин теппаҳо рост чун теға аз каъри замин найзавор фаввора зада мебарояд, ки қади ҷаҳиши он аз 10 см то ба 1,5 метр мерасад. Дар як сония ин найзачаҳо қариб 5 то 7 литр об мебароранд.
Яке аз омили муҳими осоишгоҳ қарор гирифтани макони ҷойгиршавии чашмаҳо бар замми табобат бо оби чашма обу ҳавои форами маҳал аст, ки барои шифо ёфтан аз бемориҳои дил, системаи асаб, миён, пой, пӯст ва касалиҳои занона мусоидат менамояд.
Соли 1957 даар ҷои баромади обҳои минералӣ табобатгоҳи Гармчашма бунёд гардида, ки баъдан чандин маротиба тармиму бозсозӣ шудааст.
Дар ин ҷо касалиҳои роҳҳои нафасгирӣ, шабакаи гардиши хун, касалиҳои гинекологию урологӣ, устухон, радикулит ва ғайра муолиҷа карда мешавад.
Обҳои чашмаҳои куҳии он ба бисёр касалиҳо даво аст.
Ҳавзи гармчашма чуқуриаш дар баъзе ҷо ним метр мебошад. Он аз оби гарму ҷӯшон иборат аст, ки таркибаш аз оҳану алюминий, магний, стронций, фтор ва дигар элементҳои химиявӣ иборат аст. Ҳамчунин дар об миқдори зиёди сероводорода (170 миллиграмм дар як литр), кремневой кислота (135 миллиграмм дар як литр) ва углекислота (381 миллиграмм дар як литр). Ҳарорати об дар баъзе ҷояш 62 градус Сельсия дар ҳавзҳояш бошад аз 38 то +50 градус Сельсия мебошад.
Ҳарорати об ҳангоми баромадан аз найзачаҳо ба берун қариб ба 62 дараҷаи Селсия мерасад. Дар ҳавзҳо бошад, ҳарорати он вобаста ба наздик будани чашма, аз 38 то ба 50 дараҷа мерасад. Деворҳои берунии обанбор бо шушаҳои оҳакии ба он часпида ва бо рангҳои мухталифи шушаҳо оро ёфта манзараи аҷиберо пеши назар ҷилвагар месозанд. Таги ҳавзи аз ҳама калон бо таҳшини тунуки нарми карбонати калсий ва омехтаи сулфид пӯшонида шудааст.
Дар ин минтақа сарчашмаҳои ангидриди карбондор низ мавҷуданд, ки мудом 14 дараҷа гарм буда, оби онро сокинони маҳаллӣ чун оби нӯшоки истифода мебаранд.
Осоишгоҳи Хоҷа Обигарм - 42 километр дуртар аз Душанбе, дар баландии 1790 – 1960 метр аз сатҳи баҳр) ҷойгир мебошад. Соли 1970 дар ин ҷо се иморати бузурги 10, 6 ва 4 ошёна сохта ба истифода дода шуд. Лоиҳаи онро муҳандисони Франция тайёр карда буданд, ки он бо муҳити зебои ин ҷо бисёр ҳам мувофиқ омадааст. Воситаи асосии табобатии ин осоишгоҳ оби минералӣ аст, ки ҳарорати он + 45 то + 96 градус селсияро дар бар мегирад. Дар ин ҷо дар тӯли масофаи 400 метр қариб 40 чашма дида мешавад.
Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ – 26 км дуртар аз самти ғарби шаҳри Душанбе ҷойгир буда, аз тарафи ҷануб қаторкуҳҳои Ҳисор дар баландии 1150 м аз сатҳи баҳр воқеъ гардидаанд. Осоишгоҳ барои табобати касалиҳои меъдаву руда, узвҳои ҳозима ва гурда ва як қатор бемориҳои даруниро табобат мекунад. Омили асоси табиати табобати ин азот, хлориди сулфат, натрий, обҳои гарми зеризаминӣ (ҳарораташ 14-37 градус С) мебошад, истифода бурда мешавад, ки барои истеъмол, инчунин, барои масажҳои зериобӣ нигаронида шудааст.
Осоишгоҳ тамоми сол фаъолият намуда, дар мавсими зимистон 260 ҷой ва дар мавсими тобистона 418 ҷой барои шаҳрвандон пешниҳод мекунад. Фасли зимистон дар ин минтақа кутоҳмуддат ва гарм, тобистон бошад гарм ва хушк мебошад. Рӯзҳои гарми тобистона аз 270-300 рӯзро дар бар мегирад. Барои хизматрасонии беморон толорҳои видеоӣ ва намоиши кино мавҷуд аст.
Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» ба мисли истироҳатгоҳҳои «Гармчашма», «Авҷ», «Ямчун»-и Бадахшон ва «Хоҷа Обигарм»-и ноҳияи Варзоб на дар оғӯши куҳҳои баланд, балки миёни силсилатеппаҳо ҷой дорад. Биноҳои осоишгоҳ миёни ин теппаҳо ҷойгир мебошанд.
Мутахассисон баъди санҷишҳои зиёд ба хулосае омаданд, ки оби «Шоҳамбарӣ» дар таркиби худ 17 намуди моддаҳои кимиёвӣ дорад ва ба дарди бисёр бемориҳо давост. Оби ин осоишгоҳ ба дардхои ҳозима, меъдаю рӯда, талхаю ҷигар, касалиҳои буғумдард ва боз чандин бемориҳои дигар шифо мебахшад. Маҷмааи асосии табобатӣ аз 600 ҳуҷраи табобатӣ ва зист иборат буда, хеле хуб таъмиру тармим шудааст.
Осоишгоҳи Чилучорчашма – дар Тоҷикистон ва дар ӯзбекистони ҳамсоя хеле машҳур аст. Дар ин мазеъ, ки дашту биёбон буд (то сохтани шабакаҳои обёрӣ дар давраи шӯравӣ), аз таги теппаи начандон баланд панҷ чашмаи калон фаввора зада ба 39 чашмаи майда тақсим мешавад. Оби ҳамаи чашмаҳо якҷоя шуда, ҷуйбори калони васеъияш 12-13-метраро ташкил медиҳад ва дар он моҳии зиёде мавҷуд аст.
Тааҷубовар аст, ки моҳиҳо бо ҷараёни об ба поён намераванд, балки дар худи сарчашмаи обҳо дар масофаи 800-900 метр шино мекунанд.
Дар байни аҳолии таҳҷоӣ дар бораи пайдоиши чашма ривояте ҳаст. Ҳангоме, ки ҳазрати Алӣ ба ин мавзеъ барои тарғиби дини Ислом омад, дарёи наздиктарини Ромит хушк шуд. Он вақт ҳазрати Алӣ ба дарё лаънат хонда, онро Кофарниҳон ном кард. То ба макони ҳозираи Чилучорчашма расида, ба Худо муноҷот кард, то об бифиристад ва ба таги теппа бо дастонаш зад. Аз ҷойи панҷаҳои ҳазрати Алӣ панҷ чашмаи обаш мусаффо баромад.
Чилучорчашма мавзеи зиёрат ба шумор меравад. Оби 17 чашмаи он шифобахш ба шумор меравад. Ҳар як чашма хусусияти табобат ва номи маҳаллии хос дорад: Чашмаи мӯйин-аз рехтани мӯй, аз бини рафтани хун, Чашмаи морон, Хунукзадагон - аз газидани мор ва аз шамол задан, Устухондард - аз касалиҳои устухон, Табларза - аз табларза, Шифо-шифобахш, Фишори хун- аз фишори хун, Сардард- аз дарди сар, Песҳо-аз песшавӣ, Мурод- аз ҳолати бади руҳӣ, Бефарзанд- аз бенаслӣ, Гурда – аз бемориҳои гурда, Дилу ҷигар – аз бемориҳои дил ва ҷигар, Девонаҳо – аз бемориҳои руҳӣ, Чашму гӯш – аз бемориҳои чашму гӯш, Хориш – аз хориш ва ғайраҳо .
Дар қисмати шарқии худуди чашма теппаи на он қадар баланде вучуд дорад, ки дар болои он оромгоҳ ҷойгир аст. Дар он гӯё Камбар Бобо ном авлиёе гуронида шудааст. Тибқи ривоятҳо ӯ сарвари аспхонаи ҳазрати Алӣ домоди пайғамбари Ислом Муҳаммад (с) ба шумор мерафтааст. Дар қарибии ин қабр боз чор қабри авлиёҳои дигар мавҷуд аст, ки номҳояшон маълум нест.Имрӯз дар ҳудуди чашма боғи калони дарахтони мевадор воқеъ аст. Ҳамчунин чанд хона барои зиёраткунандагон сохта шудааст. Зиёраткунандагон асосан аз моҳи апрел то моҳи сентябр сершуморанд ба назр мерасанд.
Барои рушди минбаъдаи мавзеи Чилучорчашма бунёди ҳарчи бештари иншооти замонавии ба талаботи сайру саёҳат ва зиёрат мувофиқ зарур аст.
Умуман дар замони муосир соҳаи туризм дар як қатор мамлакатҳо ҳамчун яке аз соҳаҳои сердаромад ба шумор меравад. Дар навбати дигар бошад ин соҳа соҳае мебошад, ки миқдори зиёди ҷойҳои холии кориро ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду равнақи ин соҳа метавонад миқдори зиёди ҷойҳои холии кориро ба вуҷуд оварда, теъдоди бештари бекоронро ба кори доими таъмин намояд. Ҳамзамон дар сурати амали гаштани нақшаҳои пешбинишуда ҳаҷми даромаднокии аз ин соҳа метавонад даҳҳо маротиба боло равад, ки ин албатта боиси баланд гаштани ҳолати некуаҳолии халқ мегардад.
Боиси тазаккур аст, ки дар баъзе мамлакатҳо аҳолии маҳалҳои калон ва ҳатто шаҳрҳо пурра дар соҳаҳои хизматрасонии туристӣ машғул мебошанд, ки ин сабаби таъмин будан бо ҷои кори доимӣ ва баландшавии ҳаҷми даромаднокии аҳолии кишвар мегардад.
Ин гуна ҳолат дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон низ имконпазир аст. Аз ин рӯ мебояд аз манбаҳои захираҳои туристию рекреатсионӣ васеъ ва оқилона истифода бурда, соҳаи туризмро таррақӣ диҳем. Рушди соҳаи туризм дар ҷумҳурӣ боиси баландшавии сатҳи иқтисодиёти кишвар гардида, сабаби баландшавии сатҳи некӯаҳолии халқ мегардад.
Муҳаммадисо САФАРОВ, муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ