БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҳкими тарзи ҳаёти солими ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолӣ

АНДЕША. Яке аз муҳимтарин арзишҳои сиёсиву иҷтимоии башарият ин истиқлолият мебошад, ки он ҳамсангу ҳамарзиш бо озодист. Таърихи инсоният пур аз муборизаҳои бардавому фидокорона баҳри ба даст овардани ин арзиши волост. Мардуми тоҷик табиатан истиқлолиятхоҳу озодидӯст аст. Таърих гувоҳ аст, ки барои ҳимояи марзу буми хеш, яъне барои ҳимояи истиқлолияти худ тоҷикон чӣ гуна ҷоннисориҳо намудаанд. Ташаккули давлату давлатдориро барои расидан ба истиқлолияти воқеии миллӣ тай намуданд. Даҳсолаи охири асри 20-ум барои халқи тоҷик,  бархак, давраи  беназиру мухими  таърихӣ буд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои халқи мо солҳои ваҳмнок ва даҳшатангезе буд  ва   пойдор гаштани сулҳу амониро дар ин кишвар касе бовар надошт. Дар ин хусус собиқ котиби генералии СММ Кофи Аннан чунин ибрози ақида намудааст: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар роҳи эҷоди сулҳ мебошад». 
 Ваҳдати миллии тоҷикон барои халқҳои ҷаҳон намунаи олӣ ба ҳисоб меравад. Сулҳи тоҷикон танҳо ба шахсияте вобаста аст, ки ҳаёти ҷавониашро барои муттаҳидиву сарҷамъии миллати тоҷик супурдааст: Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Воқеан ҳам, Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон аст. Аз оѓози ба сари ҳокимият омадани Эмомалӣ Раҳмон масъалаи мустаҳкамии истиқлолият бар асоси Ваҳдати миллӣ дониста мешуд. Гӯё ин шахсияти сулхофару некқадам  бо шиори:

Мо барои васл кардан омадем,

На барои фасл кардан омадем.

ба майдони ҳокимият омад. Самараи талошҳо ва ҷоннисориҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон буд, ки баъди чандин музокирот 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав вохӯрии судманд ва ҳалкунандаи оштии миллӣ миёни ҳукумат ва намояндагони мухолифин оѓоз шуданд ва баъдан Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва ин иқдомот шоёни табрику таҳсини халқи кишвар ва мардуми олам гардид. Ба ақидаи Аҳмадшоҳи Масъуд-собиқ вазири дифои Афѓонистон ба даст овардани Ваҳдат барои тоҷикон раҳмати илоҳӣ аст ва раҳмати Худованд ба мардуми тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон расид. Президенти Федератсияи Россия В. В. Путин дар бораи меъмори аслии сулҳ дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони ИДМ мавқеи намоёнро ишѓол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре  пойдор аст, ки мислаш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. ҳар он чи оиди ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамлакатҳои дигар». 

Кӯшишҳову талошҳо ва ташаббусҳои созанда дар роҳи ба даст овардани Ваҳдати миллӣ барои мардум, хусусан, барои мо-ҷавонон мактаби бузурги ваҳдатофарӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ба ҳисоб меравад. Сабақҳои ин мактаб барои мо бояд дарсҳои беназир бошанд ва таълим аз онҳо вазифаи ҷонӣ. Маҳз самараи Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ аст, ки имрӯз барои ҳамаи ҷавонони мамлакат беҳтарин шароит ва имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Ҷавони имрӯза дар фазои истиқлолу озодӣ ва ваҳдату ягонагӣ озодона таълим мегирад, забон меомӯзад, ихтироъ мекунад ва, муҳимтар аз ҳама, кору фаъолияташро пеш мебарад. Бо иқдомҳои роҳнамоёна бунёди кохи бебаҳои сулҳу дӯстӣ ва истиқлолият, ки ба  Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад, кишвари мо ба пирӯзиҳо ва сӯйи фатҳи қуллаҳои орзу равона аст.  Таваҷҷуҳ ва ғамхории падаронаи Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ возеҳу равшан ба назар мерасид. Новобаста аз сахтиҳо ва нокомиҳои пай дар пай пешомада Пешвои миллат ба баррасии масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва сиёсати ҷавонон афзалият медод. Дар ин давра яке аз дастовардҳои арзишманд он ба ҳисоб меравад, ки новобаста аз вазъияти ногувор (ҷанги шаҳрвандӣ)мулоқоти нахустини расмии Роҳбари мамлакат-Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоядагони ҷавонони ҷумҳурӣ дар 70-ум рӯзи сарварӣ – 2 феврали соли 1993 баргузор мегардад. Ин нишони дар воқеъ ғамхор, пуштибон, дастгир ва парастор будани Сарвари кишварро нисбат ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ инъикос менамояд.

Дар нахуст анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 17-уми марти соли 1994 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар ва пешомадҳои он ба нақши муҳими ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ, муҳаё намудани шароити муносиб ва кору фаъолият таъкид намуда буд: “Ҳоло ба мо зарур аст, ки ҳамаи он чизи мусбатеро, ки дар соҳаи иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёт аз даст додаем, аз нав барқарор намоем. Дар ин кор пеш аз ҳама ба ҷавонон такя мекунем”. Аз ҳамин маврид оғоз карда, давлату ҳукумат ба ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷамъият боварӣ ҳосил намуда, такягоҳи асосии худ шуморид.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, ҳамеша таъкид медоранд, ки “Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд”. Пас вазифа ва масъулияти мо, ҷавонон, дар роҳи расидан ба ормони миллӣ сол аз сол зиёд шуда истодааст. Аз ин рӯ, мо бояд кӯшиш кунем ва донем, ки ояндаи ин давлати соҳибистиқлол ва миллат ба мо вобастааст. Чӣ хеле, ки Пешвои миллат дар ҳар баромадашон таъкид мекунанд: “Ояндаи ҳар як давлату ҷомеа ба насли ҷавон, насле, ки масъулияти фардои Ватану миллат ба души онҳо гузошта мешавад, вобаста мебошад”.

Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурустиву саноат ба монанди инҳо саҳми ҳалкунанда доранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ низ кафолат медиҳад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, ҷавонон ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таҳсил дошта, ҳамзамон давлат дастгирии оилаҳои ҷавон ва иҷтимоии ҷавононро дар мадди аввалиндараҷа қарор медиҳад.

Имрузҳо, ҷавонон ва масъалахои алоқаманд ба ҷавонон дар меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Маҳз ҷавонон чун нерӯи созанда ва пуриқтидори ҷомеа, метавонанд барои амали намудани нақшахои муҳим ва дурнамои Ҳукумати мамлакат саҳми босазои худро гузоранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои тарбияи ҷавонон як зумра қонуну санадҳо қабул кардааст, ки барои фаъолияти озодонаи ва ибтикори онҳо шароити васеъ фароҳам меорад. Мо дар замоне қарор дорем, ки раванди ҷаҳонишавӣ таҳдидҳои зиёд дорад. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 16 Қонуни конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013” қабул намуд, ки барои тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳамияти зиёд дошт.

Зеро, маҳз ҳисси ватандӯстӣ намегузорад, ҳаракат ё падидаи нохуш амнияти миллатро халалдор кунад. Муҳимтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таърихи пурғановати миллати худ ба ҳисоб меравад. Зеро , мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо дар баробари нерӯи демократии ҷомеа ва давлат хусусиятҳои таҳаввулот,    стратегияи рушд ва ояндаи кишварро муайян месозад.  Ҷомеа ё кишваре,    ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия,  рушди маърифатнокӣ ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намекунад,  ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш ба гумон аст. Устувории ҳар як фаъолият ва ё  маҷмӯи амалҳо ба меъёрҳои хос ва имкониятҳои ҳуқуқии мутаносибан муқарраргардида асос меёбад ва дар ҷамъият эътироф мегардад. Сиёсати давлатии ҷавонон маҳз аз ҳамин намуди фаъолиятҳо ҳисоб меёбад, зеро ҳануз аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ он ҳамчун системаи махсус ва мустақил бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» (аз 13 марти соли 1992) ташаккул ёфтааст.

Қонуни мазкур, ки соли 2004 бо назардошти ислоҳоти идоракунӣ ва тақозои ҷомеаи муосир дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул мегардад то имрӯз ба он ду маротиба: соли 2011 ва 2014 тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад.

Дигар дастоварди таърихӣ ва эътимодноки соҳа дар ин давраи фаъолият ин қабули санади асосгузори дуюми ҳуқуқӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» (аз 19.09.2013, №1019) ба ҳисоб меравад. Қонуни мазкур пеш аз ҳама ҳамчун эътирофи иқтидорнокии соҳа ба ҳисоб меравад ва он дар самти татбиқи босамари сиёсати иҷтимоии ҷавонон, аз ҷумла тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, хайрхоҳӣ, инсондӯстӣ, ҳамқадам будан ба ҷомеаи муосир ва аз ҳама муҳим фаъолнокии ҷамъиятӣ ва таъминоти кадрии соҳа метавонад заминагузор бошад.

Дар шароити дигаргунсозиҳои ҷаҳонӣ муқаррар кардани чаҳорчӯбаҳо ва меъёрикунонии муносибат нисбат ба қишрҳои муайяни ҷомеа, бахусус ҷавонон, ки ояндаро месозанд, тақозои замон мебошад. Чун Тоҷикистон ҷавон аст ва қувваи асосии меҳнатиро низ ҷавонон ташкил медиҳанд, барои он муайян намудани ҷабҳаҳои фаъолият ва дурнамо нисбат ба ҷавонон мувофиқи мақсад арзёбӣ мегардад.

Дар ҳамин асно лоиҳаи Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, №228 қабул мегардад. Консепсия мақсад, принсип ва афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии ҷавононро муайян менамояд, ки мутобиқи он бояд механизмҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон муайян гардида, асосҳои таъмини методологӣ, ташкилӣ ва иттилоотии он ташаккул дода шавад.
Дигар санади муҳим ин Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 мебошад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №460 қабул гардидааст. Стратегия барои муайян намудани мақсад, афзалият ва тадбирҳое нигаронида шудааст, ки татбиқи онҳо ба ҳалли вазифаҳои мубрами рушди  иҷтимоию  иқтисодии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд.
Соли 2006 дар ҳошияи ислоҳоти идоракунии давлатӣ барои соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон ва ҷавонон рӯйдоди таърихӣ рух дод  – ба сохтори кор бо ҷавонон сохторҳои варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ зам карда шуд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7.06.2006 ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.06.2006, №253 ва аз 28.12.2006, №609 кумитаҳои кор бо ҷавонон ва тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шудл.
Боиси зикр аст, ки дар ин ислоҳот бартарият ба соҳаи кор бо ҷавонон ҳамчун низоми сиёсӣ ва пуриқтидор дода шуда, дигар соҳаҳо ба он зам карда мешаванд. Қарори мазкур бори дигар собит месозад, ки мақоми олии мамлакат – Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба насли ҷавон таваҷҷуҳи беандоза дошта, ин соҳаро ҳамчун пешбаранда ва ояндадор эътироф менамоянд.

Ин тағйирдиҳӣ имкон дод, ки ваколатҳои соҳаи кор бо ҷавонон бо фарогирии имкониятҳои нав ва иловагии хусусияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дошта – татбиқи сисёсати давлатӣ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷавонон ва сайёҳӣ, аз ҷумла ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон, муаррифӣ намудани мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ, талқин намудани ҷавонон ба баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, шиносоӣ бо таърих, фарҳанг, тамаддун, арзишҳои миллӣ ва урфу одатҳои халқӣ васеъ гардад. Ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон ҳамеша дар таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт, ки дар яке аз мулоқотҳои расмӣ бо намояндагони ҷавон чунин изҳор мекунад: «Ташаккул ва таҳкими тарзи ҳаёти солими ҷавонон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Чунки тандурустии ҷавонон тандурустии миллат аст». Бо ҳамин мақсад ва ҷиҳати беҳбуди вазъи саломатии наврасон ва ҷавонон тавассути паст намудани таъсири рафторҳои хавфнок ва одатҳои номатлуб, аз қабили муносибатҳои тасодуфии шаҳвонӣ, нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолшаванда ва ВНМО/БПНМ дар шароити Тоҷикистон бори нахуст Барномаи давлатии рушди саломатии ҷавонон барои солҳои 2006-2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, №107 қабул мегардад.

Худи чавонони имрӯз  низ ба ташаккули тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи зиёд доранд. Танҳо дар давоми солҳои 2011-2015 варзишгарони кишвар аз натиҷаи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 2717 медал, аз ҷумла 783 тилло, 759 нуқра ва 1175 биринҷӣ ба даст овардаанд, ки бо шарофати онҳо чандин маротиба парчами давлатӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон партафишон гардид.

Эълон гаштани соли 2017 соли «Ҷавонон» аз таваҷҷуҳи хоси Президенти кишвар нисбат ба насли ҷавон дарак медихад. Ҷавонон ва масъалахои алокаманд ба онхо хамеша  дар мадди назари сиёсати Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷихати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Соли 2017 аз санаи қабули Қонуни нахустини соҳаи кор бо ҷавонон «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», зимнан ташаккулёбии  расмии  сиёсати давлатии ҷавонон 25 сол пур мешавад.

Дар баробари ин, фаъолияти низоми устувори мақомоти ваколатдори соҳаи кор бо ҷавонон – собиқ Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2017 - 20 сол мешавад.

Дар ин давраҳои таърихӣ бо пуштибонӣ ва дастгирии доимии Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти титбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дастовардҳои хеле зиёдро тавонистем ноил гардем: шароитҳои мусоид ва муносиби рушду такомулёбӣ барои ҳар як фарди ҷавон фароҳам оварда шудаанд, ки боиси ифтихор ва фарҳамандӣ мебошад.

Аз ин рӯ, соли 2017-ро метавон дар асл Соли ҷавонон, таҷлили 25-умин солагрди ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон ва 20-умин солгради фаъолияти низоми устувори мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонон номид.

 Мо ҷавонони азизу саодатманди кишвар ин қадами таърихиро дастёбӣ ба эътимод ва ифтихормандии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонем Мувофиқан, дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо ва шароиту имкониятҳои фароҳамгашта мо – ҷавононро мебояд, ки аз гузашта бештар ва аз имрӯза хубтар бо руҳияи баланду болида ва ифтихору қадрдонӣ (аз истиқлолияти комил ва ваҳдати миллӣ) кӯшишу ғайрат намуда, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддун ва фарҳангдӯстамон камари ҳиммат бандем ва пайваста созанда ва бунёдкор бошем. Мо ҷавононро зарур аст,ки дар радифи сиёсати дурандешонаи Президенти мардумиамон ҳамеша аз пайи илмомӯзӣ бошем ва бо ташаббусҳои созандаи худ дар рушди Тоҷикистони маҳбуб чун пайравони асили Пешвои миллат саҳми босазои худро гузорем.

Шаҳноза ХИДИРОВА, аспиранти ДМТ, омӯзгори коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом

Бознашр аз китоби “Ҷавонон – пайрави Эмомалӣ Раҳмон”

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg