БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанги созанда хурофоту таассубро аз миён мебарад

АНДЕША. Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои мубрам миёни ҷавонон ин аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа мебошад. Зимнан, бо боварӣ гуфта метавонем, ки аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷайҳун дар ин самт пайваста кор бурда, ҷиҳати решакан кардани зуҳуроти номатлуби хурофотпарастӣ ва таассуби динӣ бомуваффақият кор бурда истодаанд. Дар ин роҳ эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бисёр тасмими саривақтӣ буд. Зеро решаи хурофоту таассуб фарҳангситезист ва рушди фарҳанг ҷиҳати аз байн рафтани ин омилҳо мусоидат мекунад. Ҳамзамон, бо сипарӣ гардидани шаш моҳ аз ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷиҳати эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли тақвияти робита бо маҳал ва ташкили суҳбату вохуриҳо бо сокинони кӯчаву деҳаҳо имконият фароҳам оварда шуд, ки бо роҳандозии тарғиботи созанда ҳунарҳои мардумӣ рушд намуда, ҷойҳои кори нав фароҳам оварда шавад ва дар маҷмуъ андешаи мардум аз хурофотпарастӣ ба созандагӣ сафарбар гардад.

Дар ин замина масоили баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, нақши ҷавонон дар пешрафти ҷомеаи навини тоҷикон, ки феълан мавзӯъи мубрами рӯз ҳисоб мешавад, пайваста дар вохӯриҳо баррасӣ мегардад.

Мо хуб медонем, ки ҷавонон нерӯи солиму созандаи ҷомеа мебошанд ва рушди босуботи иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар аз ҳар ҷиҳат аз ҷавонон вобастагӣ дорад. Ҳамаи ин таҳаввулот ва ё тағйироту дигаргуниҳое, ки бахусус, дар садсолаи навин, асри рушди илму технологияи муосир ба вуқӯъ мепайвандад, бештар ба ҷавонон мансубият дошта, нерӯи ин табақаи ҷомеа бузургтарин арзишу дороии миллату давлат мебошад.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади ҷалби ҷавонон ба сафи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, таъмини суботи ҷомеа ва тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, мусоидат намудан дар татбиқи ҳадафҳои ХҲДТ, иштироки фаолона дар чорабиниҳои сиёсӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонони ҷумҳурӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни ҷавонон, ҷалби ҷавонон дар бунёди ҷомеа ва ба таҳсилу илм фаро гирифтани онҳо, тарбия намудан дар руҳияи ватандустию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва дигар мақсадҳои оинномавӣ, ки баҳри суботи сиёсии ҷомеа равона карда шудаанд, фаъолияташро пеш мебарад.

Бояд қайд кард, ки Истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон ҳамчун неъмати бебаҳои таърих дар тамоми арсаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон нақши босазо гузошта, баҳри тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои густурдаи рушду такомули сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат намуд. Бинобар ин, ҳанӯз дар солҳои аввали Истиқлолият Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ва барномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» қабул гардида буд, ки ин ҳама далели таваҷҷуҳи доимии давлату ҳукумат ба масъалаҳои ҷавонон ва соҳиби мақоми шоиста будани онҳо дар ҷомеъа мебошад. Дар зимн, маҳз ҳамин тадбирҳо боис гардид, ки ҷавонони як замон сахт хурофотпарасту бегонапарастгашта ба худ омаданд, дӯстро аз душман, некиро аз бадӣ ва манфиатро аз зарар фарқ карданд ва аз зуҳуроти номатлуб рӯ гардонида, дар андешаи таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ шуданд.

Агар бо назари дақиқ ба зиндагии имрӯза нигоҳ кунем, имрӯзу ояндаи миллатамон ҷавонон ҳастанд. Ҳадафи асосоии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷайҳун дар мадди аввал дар ниҳоди насли наврас ва умуман ҷавонон бедор ва мустаҳкам намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, забони шевои модарӣ, пос доштани хотираи неки абармардону бузургони миллати тоҷик, муборизаи беамон ба муқобили ҳамагуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа аз қабили тассуби динӣ ва хурофотпарстӣ, терроризму экстремизм, нашъамандиву нашъаҷалобӣ, бемориҳои сироятӣ ва монанди инҳо мебошад.

Тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маросими таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ қайд намудаанд: «Ватан дар баробари Модар муқаддасоти воло буда, дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда дорад. Бе Ватан инсон бесарнавишт ва бе қурбу манзалат аст».

Ин ҳамон муқаддасоте ҳастанд, ки ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ҷайҳун доим дар хотир дошта ҳифзи онро ба ивази ҷони худ вазифаи аввалиндараҷа медонанд ва дар ҳамин руҳия тарбия намудани ҷавононро ҳадафи аслии хеш меҳисобад. Ба ҳамин хотир ташкилоти моро “Созандагони Ватан” номидаанд.

Имрӯз аз сари қуллаи истиқлоли 27-сола менигарем, ки чӣ қадар мушкилотҳо, ки дар пайи тассуби динӣ ба вуҷуд омада буданд, пушти сар кардем ва баҳри ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ҷоннисориҳо намудем. Ҳамаи ин барои мо ҷавонон дарси ибратанд.

Дар охир месазад қайд намоем, ки ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар пайи амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ки дар китоби «Каъбаи умеди мо халқ асту бас!» зикр ёфтаанд пайваста ҷаҳду талош намуда истодааст. Бояд гуфт, ҳафтаи баргузории чорабиниҳо таҳти унвони «Каъбаи умеди мо халқ асту бас!» миёни ҷавонон эшонро боз ҳам атрофи ғояҳои созандаву пешниҳоднамудаи Пешвои муаззами миллат муттаҳид намуд.

Бо итминони комил ва азму иродаи қавӣ иброз медорам, ки минбаъд низ ТҶҶ “Созандагони Ватан” фаъолияти худро дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон мувофиқ ба сиёсати хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон густариш хоҳад бахшид.

Фарҳод ОБИДОВ-роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg