БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон нерӯи созандаи давлату миллатанд

ЁВОН. Дар Литсейи касбии саноатии ноҳия бо иштироки донишҷӯёни фаъоли литсей бо ҳидоят ва ташаббуси бахши кор бо занон ва Ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ атрофии татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бурдани муборизаҳои идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гуруҳҳои тундгаро, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандустии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ андешаронӣ карда шуд.

Воқеан, дар Паём зикр гардид, ки бо назардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардид, ки ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид ва таъкид гардид, ки ғамхориҳои Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо «Соли ҷавонон» маҳдуд нашуда самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg