БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вазифаи созандаи мо ҳизбиён тарбияи тафаккури сиёсии солим аст

Ш.ШОҲИН. Ҳидоят намудани мардум дар роҳи расидан ба ҳадафҳои бунёдкоронаю созанда, инчунин  баланд бардоштани маданияти ҳуқуқиву пояҳои ахлоқии шаҳрвандони кишвар ва  дар як фазои солим нигоҳ доштани давлату миллати куҳанбунёди тоҷик мақсад ва ҳадафи мо ҳизбиён ба шумор меравад.

Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва аз рӯи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Шӯроободи ҷамоати деҳоти Шӯрообод доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ сурат гирифт. Дар ин вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вохӯриро раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Назарзода Толибҷон кушода,  оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар шаш моҳи аввали соли 2018, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ибрози андеша намуд.

Баъдан раиси ташкилоти ибтидоии «Шӯрообод» Файзуллозода Дилбар оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда,  иброз дошт, ки ба маърази тамошо гузоштани ҳунарҳои мардумӣ аз сокинони деҳаи баҳри боз ҳам баланд бардоштани соҳаи сайёҳиву эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ки муаррифгари миллату давлатанд, даъват ба амал овард.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg