БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Об-асоси зиндагӣ ва пойдории одаму олам!

ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар байни аъзои ташкилоти ибтидоии «Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ» дар мавзӯъи «Об-асоси пойдории зиндагӣ» бо иштироки мутахассиси шeъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насимахон Ғаффорова, Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарзона Алиева хониши сиёсии ҳизбӣ доир гардид.

Чорабиниро раиси ташкилоти ибтидоӣ Бахтиёр Сафолов кушода, оид ба масъалаи болозикр андешаронӣ кард.

Баъдан  Насимахон Ғаффорова дар назди ҷамъомадагон оид ба ин масъала муфассал суханронӣ намуда, иброз дошт, ки барои миллати бофарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик мояи ифтихору сарфарозист, ки ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мегарданд,  аз ҷониби СММ, созмонҳои бонуфузи дунё ва аҳли башар дар масъалаи ҳалли мушкилот ва норасоии об дар сайёра дасгирии комил меёбад.

Хусусан ташаббуси чаҳоруми Пешвои миллат оид ба масоили Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз он иқдомҳое мебошад, ки шаъну эътибори давлату миллати тоҷикро дар миқёси ҷаҳон боз ҳам баланд бардошт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg