Ҷ.БАЛХӢ. Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, аъзои Кумитаи иҷроия, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва фаъолон иштирок намуданд.
Дар маҷлис ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм, ташкили обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2019, тасдиқи ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар нимаи дуюми соли 2018 ва дигар масъалаҳо барассӣ гардиданд.
Дар маҷлис 300 нафар иштирок дошта, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро дар нимсолаи якуми соли 2018 қаноатбахш ҳисобиданд.