БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ваҳдату якдилӣ мароми мо сокинони сарбаланди Тоҷикистон аст!

ХУРОСОН. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим ва раиси ташкилоти ибтидоии «Обикиик» Гулов Фирӯз хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон дар назди ҷамъомадагон оид ба  самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда, моҳияти  дастуру супориш ва ҳидоятҳои  Президенти кишварро ба иштирокдорон фаҳмонид.

Дар охир иштирокчиёни ҷамъомад миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, тинҷиву оромӣ ва пешравию шукуфоии Ҷумҳурии азизамонро баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg