
КӮЛОБ: Санаи 24 августи соли 2026, дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» оғоз гардид.
Дар мусобиқа дастаҳои футболбозони шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуда, барои ба даст овардани Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рақобат доранд.
Дар ин мусобиқа шаҳри Кӯлобро дастаи футболбозони шаҳр намояндагӣ намуда, имрӯз дар бозиҳои мусобиқа иштирок ва маҳорати варзишии худро нишон доданд.
Мусобиқа то 25 август идома ёфта, баргузории он ба рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҷавонон ва ҷалби онҳо ба фаъолияти варзишӣ мусоидат менамояд.


















