БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ АЗНАВСОЗИИ ПУЛИ МОШИНГУЗАРИ ДЕҲАИ ШОҲМОТ БОЗДИД НАМУДАНД

ПАНҶ: Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Панҷ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои азнавсозии пули мошингузари деҳаи Шоҳмоти ҷамоати деҳоти Озодагон боздид намуда, бо рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос гардиданд.

Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки пули мазкур, ки дар таъмини рафтуомади сокинони деҳа ва маҳалҳои атроф нақши муҳим дорад, бар асари фарсудашавӣ ба таъмири асосӣ ниёз пайдо карда буд. Бо мақсади барқарор намудани ҳаракати бемамониати нақлиёт ва таъмини бехатарии шаҳрвандон, корҳои азнавсозии пул бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми сокинони маҳаллӣ оғоз гардидааст.

Зимни боздид зикр гардид, ки корҳои сохтмонӣ мутобиқи нақша идома дошта, барои бо сифати баланд анҷом додани онҳо тамоми имкониятҳо сафарбар карда шудаанд. Азнавсозии ин иншооти муҳими роҳу нақлиётӣ ба беҳтар гардидани шароити ҳаракати воситаҳои нақлиёт, осон шудани рафтуомади аҳолӣ ва таҳкими робитаи байни деҳаҳо мусоидат хоҳад кард.

Раиси вилояти Хатлон саҳми сокинони маҳалро дар татбиқи ин иқдоми созанда баланд арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳамкории мақомоти давлатӣ ва аҳолӣ дар бунёду азнавсозии иншооти иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ омили муҳими пешрафти маҳалҳо мебошад.

Дар фарҷоми боздид Давлаталӣ Саид ба масъулони соҳа ҷиҳати риояи қатъии меъёрҳои сохтмонӣ, таъмини сифати баланди корҳои иҷрошаванда, истифодаи масолеҳи мутобиқ ба стандартҳо ва дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонидани сохтмони пул дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон